Дар Тошкент даври сеюми Ҷоми ҷаҳон оид ба гимнастикаи бадеӣ ба охир расид

Дар рӯзи ниҳоии мусобиқот мунтахаби Ӯзбекистон 2 медали биринҷӣ ба даст овард.

Тахмина Икромова дар барномаи инфиродӣ бо ҳалқа соҳиби медали биринҷӣ гардид, инчунин дар машқи гурӯҳӣ бо 5 ҳалқа соҳибҷамолони Ӯзбекистонӣ ба зинаи сеюми шоҳсуфа баромаданд.

Ҳалқа:

София Раффаэлли (Италия)

Маргарита Колосов (Олмон)

Таҳмина Икромова (Ӯзбекистон)

Машқҳои гурӯҳӣ, 5 ҳалқа:

Хитой

Қазоқистон

Ӯзбекистон (Екатерина Фетисова, Мумтозабону Исҳоқзода,

Наргиза Ҷуманиёзов, Рухшона Деҳқонова, Иродахон Содиқова)

Ҳамин тариқ, мунтахаби Ӯзбекистон дар ин мусобиқаҳои бонуфуз бо 1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ мукофотонида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: