Дар чаҳорумин соли охир вазъият дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври назаррас тағйир ёфт.
Дар чаҳорумин соли охир вазъият дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври назаррас тағйир ёфт. Ҳазорон нафар шахсоне, ки шиносномаи шаҳрвандии Ӯзбекистон надоштанд, соҳиби шиносномаи шаҳрвандӣ шуданд. Онҳо аз зумраи нафароне мебошанд, ки солҳои дароз ба идораҳои шиносномадиҳӣ муроҷиат кардаанд, аммо муроҷиатҳояшон бесамар анҷомидааст. Тайи ин муддат аз табъизу таҳқир азияти зиёд кашидаанд ва рӯзҳои душворро паси сар намудаанд.
Гурӯҳе аз ин шахсон то пошхӯрии шӯравии собиқ дар кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сар бурдаанд. Дар гузаштаи начандон дур дар куҷо кору зиндагӣ кардани одамон мушкилоте эҷод наменамуд. Баъд ҳар кадоме аз ин одамон агар мехостанд, ба зодгоҳ ё кишварашон бармегаштанд ва кору зиндагиашонро идома медоданд. Аммо...
Аввали солҳои навадуми қарни гузашта маъракаи иваз намудани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст. Онҳое, ки шиносномаҳои худро иваз намуданд, ба ягон мушкилот мувоҷеҳ нашуданд. Аммо онҳое, ки ин корро дар вақти муқарраршуда анҷом надоданд, бештар аз ду даҳсола ба азият мубтало шуданд. Ба ин гуна шахсон шиносномаи бидуни шаҳрвандӣ дода шуд.
Қонун “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба тасвиб расидааст. Бар асоси ин қонун шахсоне, ки то 1 январи соли 1995 ба Ӯзбекистон барои истиқомати доимӣ омадаанд, дар даст шиносномаҳои бидуни шаҳрвандӣ доранд ва ба идораҳои марбута муроҷиат мекунанд, инчунин шаҳрвандии ягон кишвари хориҷиро напазируфтаанд, ба сифати шаҳрванди Ӯзбекистон эътироф мегарданд.
Аммо таъкиди он нукта бамаврид аст, ки маҳз як қатор моддаҳои ҳамин қонун дар амал татбиқ нагардидааст ва одамони зиёд ба азияту ноумедӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Танҳо баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ва иродаи сиёсии ин марди дурандеш давраи навгониҳо шурӯъ гардид ва шахсони муддати дароз сарсону саргардонгашта ба ҳайси шаҳрвандони Ӯзбекистон пазируфта шуданд.
– 25 сол муқаддам аз Тоҷикистон ба деҳае, ки он ҷо зодаву парварда шудаам – деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх баргаштам. Ҳанӯз солҳои 70-уми қарни гузашта барои худ ҳавлӣ сохта будам. Ба ин ҳавлӣ бо ҳамсар ва як писарам омада зиндагиро шурӯъ намудам. Аммо ҳамсари шодравонам бидуни он ки ба ҳайси шаҳрванди Ӯзбекистон пазируфта шавад ва беш аз бист сол аз ноҳияи Сӯх берун сафар намояд, ду сол муқаддам қазо кард,– мегӯяд бо таассуфи зиёд сокини 91-солаи ноҳияи Сӯх, Аълочии маорифи Тоҷикистон Бегалӣ Болтаев.
Ба гуфтаи ин пирамард баъди Президент интихоб шудани Шавкат Мирзиёев вазъият рӯ ба беҳбуд овард. Чанд моҳ муқаддам вай ва писараш – Рустам соҳиби шиносномаи шаҳрвандии Ӯзбекистон шудаанд. Баъдан ба онҳо шиносномаи сурх низ додаанд, ки барояшон имкони ба ҷойи дилхоҳи Ватан ва сафари кишварҳои хориҷро медиҳад.
– Аз рӯзҳои аввали ба вазифа шурӯъ намудани Шавкат Мирзиёев марзҳо ба рӯйи мардум боз шуданд. Бо Тоҷикистон низоми раводид барои як моҳ барҳам хӯрд. Ҳоло ман метавонам ба Тоҷикистон сафар кунам ва ба дидори се фарзанди худ ва набераву абераҳоям бирасам, – мегӯяд бо чашмони пур аз ашки шодӣ Бегалиамак Болтаев.
Вай ёдовар шуд, ки чаро маҳз солҳои зиёд дар Тоҷикистон машғули кору зиндагӣ шудааст. Ба гуфтаи ин мӯйсафед дар замони шӯравии собиқ онҳое, ки мактаби олӣ ё омӯзишгоҳро хатм мекарданд, маъмурияти он муассиса хатмкунандагонро ба шаҳру ноҳияи дилхоҳ мефиристод ва ҳадди ақалл ду сол мебоист кор кунанд.
– Маро ба ноҳияи Ғарми Тоҷикистон фиристоданд. Баъди фаъолият дар яке аз мактабҳои миёна дар шӯъбаи маорифи ноҳия инспектор шуда кор кардам. Вақте ки маро ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват карданд, аллакай хонадор шуда будам. Аммо панҷ фарзандам – се духтару ду писар дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаанд, – мегӯяд Бегалӣ Болтаев.
Вай афзуд, ки бо тақозои тақдир ду духтару як писар дар шаҳри Душанбе монданд ва як писару як духтар ҳоло дар деҳаи Ҳушёр машғули кору зиндагӣ мебошанд.
– Солҳои дароз ману фарзандонам ба дидори ҳамдигар нарасидем. На онҳо ба назди ман меомаданд ва мо имкони ба Тоҷикистон рафтанро надоштем. Сабаб ҳамин шиносномаи бидуни шаҳрвандӣ буд, ки намегузошт мо аз ноҳияи эксклави Сӯх берун бароем, – ба ёд меорад бо изтироб ин пирамард.
– Ноҳияи Сӯх аз чаҳор тараф дар иҳотаи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Маҳз ҳамин ҳолат боис мегашт, ки ман ва ҳамаи онҳое, ки дар даст шиносномаи шаҳрвандии Ӯзбекистонро надоштанд, мисли бандӣ аз қаламрави ноҳияи Сӯх баромада наметавонистем.
– Ҳар вақт бародарам – Бегалӣ шикоят мекард, ки ба вай шиносномаи шаҳрвандӣ намедиҳанд, ки аз ноҳияи Сӯх берун равад, аз акоям дида ман бештар азияти рӯҳӣ мекашидам. Ман низ дар Тоҷикистон таҳсил кардаам. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ифои вазифа намудаам ва баъд понздаҳ сол мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Сӯх шуда кор кардаам. То касби истиқлол ман ба назди падару модари пирам баргаштам. Бародарам каме дертар баргашт ва ин қадар сол азият кашид, – изҳор кард Султоналӣ Болтаев.
Бино ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо дар чаҳоруним соли охир дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд. Ин дигаргуниҳоро мардуми зиёд бо бесабрӣ мунтазир буданд. Ба таъкиди Султоналӣ Болтаев бемороне, ки дар даст шиносномаи шаҳрвандии Ӯзбекистон надоштанд, наметавонистанд ба шифихонаи вилоятӣ рафта худро муоинаву муолиҷа намоянд.
– Ман аз сафи артиш баргашта, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ба кор пазируфта шудам. Баъдан маро барои кор ба ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканди Қирғизистон фиристоданд. Солҳои зиёд ба сифати нозири минтақавӣ дар шаҳраки Ҳайдаркони ин ноҳия кор кардам. Нисфи аҳолии ин шаҳракро сӯхиён ташкил медоданд. Онҳо дар кони симоб, автобаза ва корхонаҳои дигари он кор мекарданд. Зану шавҳар дар як ҳавличаи хурд зиндагӣ мекардем. Баъди истеъфо, ба ноҳияи Сӯх баргаштем ва дар шуъбаи корҳои дохилӣ ба дастам шиносномаи бидуни шаҳрвандӣ доданд. Ҳамаи мушкилиҳо баъди ҳамин бозгашт пайдо шуданд ва ду даҳсола ба азият мувоҷеҳ гардидам, — мегӯяд капитани мустафъӣ Раҳмиддин Сайдинов.
Ба таъкиди Раҳмиддин Сайдинов боре сахт бемор шуд ва зарурат пеш омад, ки дар бемористони вилоятӣ раваду муолиҷа гирад. Аммо марзбонони худамон ва қирғизҳо бо шиносномаи бидуни шаҳрвандӣ нагузоштаанд, ки сарҳадро убур кунад.
Вай иброз медорад, вақте ки Шавкат Мирзиёев ба сари кор омад, мушкилиҳои зиёди онҳо оҳиста аз байн бардошта шуданд. Яке аз ҳамин мушкилиҳои рафъшуда ба сифати шаҳрванди Ӯзбекистон шинохта шудани вай ва садҳо тани дигар мебошад, ки дар қаламрави ноҳияи Сӯх бидуни ҳаққу ҳуқуқ ба сар мебурданд.
– Ҳар як шахс ҳақ дорад, ки дар ҳимояи қонун кору зиндагӣ кунад. Аммо ҳудуди 400 нафар сокинони ноҳияи Сӯх то ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев аз ҳақи шаҳрвандӣ маҳрум буданд ва ба наздикӣ онҳоро давлату ҳукумат ба сифати шаҳрванд эътироф намуд. Сиёсати дурнамои Президент Мирзиёев мусоидат менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои одамони зиёд барқарор гардид ва онҳо низ чун дигарон аз ҳамаи имкониятҳо бархурдор бошанд, — мегӯяд журналисти мустақил Камодлиддин Азизов.
Қобил ба ёдоварист, ки ноиби раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон, директори Маркази миллии ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон Акмал Саидов дар бораи коҳиши бешаҳрвандӣ сухан ронда, таъкид варзидааст, ки Президент Шавкат Мирзиёев даъвати Антонио Гутерриш – дабири кулли СММ-ро дар бораи барҳам додани бешаҳрвандӣ дастгирӣ менамояд ва барои дар амал татбиқ намудани он қадамҳои қатъӣ мегузорад.
Ба гуфтаи Акмал Саидов маҳз ба туфайли ҳамин қадамҳои қатъии Шавкат Мирзиёев ҳазорҳо нафар сокинони Ӯзбекистон, ки аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум буданд,шиносномаи шаҳрванди Ӯзбекистонро ба даст оварданд.
– Мо дар асри бисту якум ба сар мебарем. Аммо баъзе ҳолату вазъияте, ки то чоруним соли пеш мушоҳида мегардид, баёнгари он буд, ки баъзе бандҳои қонунҳои мавҷуда иҷро намешаванд. Шавкат Мирзиёев барин шахс таърихро дигаргун сохт ва ҳазорҳо нафарро аз банди азияту нокомӣ наҷот бахшид. Одамон нафаси озод мекашидагӣ шуданд. Ана ҳамин сиёсати хирадмандонаи Шавкат Мирзиёевро бояд пиру барно дастгирӣ кунем ва барои шукуфоии ин мамлакат хидмат намоем, – мегӯяд сокини деҳаи Қизилқиёқи ноҳияи Сӯх, пирамарди 94-сола Носирхӯҷа Каттахӯҷаев.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз моҳи декабри соли 2016 то кунун 22 ҳазору 322 нафар ба унвони шаҳрванди Ӯзбекистон пазируфта шуданд. Аз рӯи мансубияти миллӣ шиносномаҳои шаҳрвандии Ӯзбекистонро ӯзбекҳо, тоҷикҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо, русҳо, тоторҳо, уйғурҳо ва миллатҳои дигар ба даст овардаанд, ки барои сукунати доимӣ ба Ӯзбекистон омадаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.