ДАР ТУРКИЯ БА ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН ТАВАҶҶУҲ ЗИЁД АСТ

Вақтҳои охир дар Туркия нисбати ҳаёти замонавӣ, дари имкониятҳои сайёҳии бозшудаистода ва дигаргуниҳои бесобиқае, ки дар Ӯзбекистон рӯй медиҳанд, ҳусни таваҷҷуҳ зиёд аст.

Вақтҳои охир дар Туркия нисбати ҳаёти замонавӣ, дари имкониятҳои сайёҳии бозшудаистода ва дигаргуниҳои бесобиқае, ки дар Ӯзбекистон рӯй медиҳанд, ҳусни таваҷҷуҳ зиёд аст.
Дар моҳи январи соли равон шореҳони сиёсии яке аз расонаҳои ахбори оммавии Туркия – маҷаллаи иқтисодии «Derin Ekonomi» ва рӯзномаи «Yeni Safak» номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба рӯйхати даҳнафараи аввали сарварони пешбари дунё, ки дар соли 2018 ба тағйир додани авзои кишвари худ ва минтақа саҳми назаррас гузошта метавонанд, дохил кардаанд.
Моҳи марти соли равон шумораи махсуси маҷаллаи «Yatirim ve Finansmam ve Dis Ticaret» ба Муроҷиатномаи ба Олий Маҷлиси Ӯзбекистон равонакардаи Президент Шавкат Мирзиёев бахшида шудааст. Ба ҷуз ин, дар шумораи моҳи марти маҷаллаи «Bloomberg Weekly» мақолаи ассотсиатсияи муносибатҳои иқтисодии Авруосиё Ҳикмет Эрен таҳти сарлавҳаи «Ӯзбекистон ба тамоми дунё боз мешавад» рӯйи чопро дидааст.
Моҳи апрели соли равон шумораи махсуси маҷаллаи иқтисодии «Dis Ticaret» ба иқтидори сайёҳии рушдёфтаистодаи Ӯзбекистон бахшида шуд. Дар шумораи махсус фикрҳои муҳими Президенти мамлакатамон доир ба ҷойгоҳи сайёҳӣ дар иқтисодиёти миллӣ, ки дар нутқҳояш омадаанд, муколамаи раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ А. Абдуҳакимов ва А. Аъзамхӯҷаев – сафири кишвари мо дар Туркия ба хонандагон пешниҳод гардидааст. Дар мақола доир ба самтҳои асосии сиёсати давлатии Ӯзбекистон оиди сайёҳӣ ва натиҷаи корҳо ошкоро сухан рафтааст. Дар онҳо имкониятҳои нави сайёҳии мамлакати мо, фароҳам оварда шудани шароити мусоид ба сайёҳҳони хориҷӣ ва индустрияи сайёҳӣ эътибори алоҳида дода шудааст. 
Тавре ки маҷаллаи иқтисодии «Dis Ticaret» таъкид менамояд, сайёҳӣ ҷабҳаи стратегии иқтисодиёти Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Маълумотҳои таҳлилӣ доир ба ҷорӣ гардидани тартиби бевизаи  сирӯза барои шаҳрвандони Туркия, татбиқи ислоҳотҳои куллие, ки ба сайёҳии минтақавӣ ва байналхалқӣ таъсир расонда метавонанд, якҷо бо рақамҳои зарурӣ аз саҳифаҳои  шумораи махсус ҷой гирифтаанд.
Бахши алоҳида аз ҳусни таваҷҷӯҳи доираҳои иҷтимоию сиёсӣ ва корчаллонии Туркия ба Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев, ки 22 декабри соли 2017 ба Олий Маҷлиси Ӯзбекистон равона карда шудааст, дарак медиҳад.
Соли 2018 дар Ӯзбекистон  Соли соҳибкории фаъол, дастгирии ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо эълон гардидааст. Нашрия ба унвони сол низ рӯйи эътибор гардондааст. Тавре ки қайд гардид, Муроҷиатномаи роҳбари давлатамон аз ғояҳои басе муҳиме, ки баҳри ба зинаи нав бардоштани рушду тараққиёти Ӯзбекистон хидмат менамоянд, саршор аст.

ОА «Дунё» 
АНҚАРА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: