Дар Туркия марҳум дар маросими дафн зинда шуд

Дар ноҳияи Фотиҳи Истанбул марҳум дар маросими дафни худ зинда шуд, хабар дод шабакаи телевизионии NTV.

Шифокорон, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, пай бурданд, ки дили «марҳум» метапад. Дарҳол дили пирамардро масҳ карда, ӯро ба беморхона бурданд.

Вақте ки Холид Байшуи 80-соларо ба хок месупурданд, аз даруни тобут доду фиғон баланд шуд.

Мутаассифона, духтурон ҷони пирамардро наҷот дода натавонистанд. Бемор пас аз ба беморхона овардан вафот кардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: