ДАР ТУРКИЯ ШАШ КИТОБИ ОЛИМИ ҶАВОН АЗ ЧОП БАРОМАД

Имрӯз дар байнамон ҷавонони боиқтидору серғайрат ва ҷӯянда хеле бисёр.

Имрӯз дар байнамон ҷавонони боиқтидору серғайрат ва ҷӯянда хеле бисёр. Яке аз онҳо Комилҷон Раҳимови бухороӣ мебошад. Ба наздикӣ ӯ бо мақолаҳои беҳтарини худ дар озмуни “Ҷавонони боистеъдоди Ӯзбекистони Нав”, ки бо ташаббуси Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ баргузор шуда буд, иштирок карда, аз сафи ғолибон ҷой гирифт. 
Аз ҷумла, мақолаи ӯ доир ба мавзӯи “Пайдоиши тариқати нақшбандия ва паҳн шудани он дар мамлакатҳои хориҷӣ” ба эътирофи алоҳида сазовор гардид.
Дирӯз дар ҳаёти доктори илмҳои фалсафа, ходими калони Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳон Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон боз як воқеаи фаромӯшнопазир рӯй дод. 
Дар шаҳри Анқараи Туркия якбора шаш китоби олими ҷавон рӯйи чопро дид. Дар ин китобҳо, ки ба таълимоти аҷдоди бузургамон Абдухолиқи Ғиждувонӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, тасаввуф ва қадамҷоҳои Ҳафт пир бахшида шудаанд, мероси маънавии ғании онҳо ҳаматарафа ҳаллу фасл гардидаанд. Умед аст, ки тадқиқоти олими ҷавон ба хонандагони турк, бахусус, алоқамандони тасаввуф писанд меояд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: