ДАР УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Ҳунармандони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба шаҳри Бӯстони Тоҷикистон ташриф оварданд

  • ДАР УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Ҳунармандони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба шаҳри Бӯстони Тоҷикистон ташриф оварданд
  • ДАР УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Ҳунармандони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба шаҳри Бӯстони Тоҷикистон ташриф оварданд
  • ДАР УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Ҳунармандони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба шаҳри Бӯстони Тоҷикистон ташриф оварданд

20 июл ҳайати ҳунармандони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон иттилоъ дода шуд.

Меҳмононро муовини Раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» истиқбол гирифтанд.

Зимни боздид ҳайати намояндагон аз фаъолияти корхонаи заргарии «Зари Суғд»-и назди корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ки 8 феврали соли равон пас аз таъмиру навсозӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, аз наздик шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи заргарии «Зари Суғд» истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлӣ роҳандозӣ шуда, инчунин аз сангҳои ороишӣ омода намудани туҳфаву армуғонҳо ба роҳ монда шудааст.

Меҳмонон бо ҷараёни кор ва намудҳои беҳтарини маҳсулоти истеҳсолшуда шинос шуда, ба сифати он баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои қарини Тоҷикистон ва Ӯзбекистон намунаи олии дӯстиву бародарӣ ва ҳамсоядорӣ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду мамлакати ҳамсоя ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: