ДАР УРГУТ ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН БА ИСТИФОДА СУПОРИДА ШУД

Дар асоси Қарори сарвари давлат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди боз ҳам такмил додани фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд» дар ноҳияи Ургут филиали донишгоҳ ташкил ёфта буд, ки ҳоло дар ин баргоҳи таълимӣ 1435 нафар донишҷӯ аз устодони соҳибтаҷриба асрори касбҳои гуногунро меомӯзанд.

Чанде пеш  дар филиали донишгоҳ хобгоҳи нав барои 400 нафар  донишҷӯ ба истифода супурда шуд. Бо ҳамин муносибат тадбири пуршукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд  Рустам Холмуродов, вакилони  ҳокимияти  ноҳияи Ургут, намояндагони ҷамоатӣ, профессору устодон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Таъкид гардид, ки барои  бунёди иншооти мазкур беш аз 27  миллиард сӯм маблағ сарф шудааст. Дар хобгоҳи талабагон ошхона, толори варзиш, китобхона ва ғайра мавҷуд.

Ҳоло филиалҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар ноҳияҳои Ҷомбой, Каттақӯрғон, Самарқанд арзи вуҷуд дошта, беш аз 30 ҳазор нафар писаракону духтаракон бо илм ва касбомузӣ машғул ҳастанд.

 

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: