ДАР УРГУТ ИСТЕҲСОЛИ ПАНЕЛ ОҒОЗ ЁФТ

Назар ба маълумоти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ургут», имрӯзҳо дар қаламрав 60 лоиҳа амалӣ мегардад, ки арзиши умумиаш 196,2 миллион доллар мебошад.

Назар ба маълумоти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ургут», имрӯзҳо дар қаламрав 60 лоиҳа амалӣ мегардад, ки арзиши умумиаш 196,2 миллион доллар мебошад.
Аз ҷумла, аз ҷониби 34 ташаббускори лоиҳа корҳои сохтмониву таъмирӣ пеш бурда шуда истода бошанд,  16 лоиҳаи дар заминаи бино ва иншооти дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷудбуда ба амал бароварда мешавад. То имрӯз аз ҷониби сармоягузорон ба лоиҳаҳо ба миқдори 53,2 миллион доллари ИМА сармоя ворид гардидааст. Ба наздикӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ чаҳор корхонаи аввалин ба фаъолият оғоз кард.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «SAM DRY FRUITS» воқеъ дар мавзеи Мерганчаи ноҳияи Ургут яке аз чунин корхонаҳост. Бо амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур, ки арзиши умумиаш 2,1 миллион доллар мебошад, дар асоси технологияҳои замонавӣ бори аввал дар Ургут истеҳсоли панелҳои сендвичӣ ба роҳ гузошта шуд.
– Бо кӯмаки асбобу таҷҳизоте, ки аз Чин оварда шудаанд, алҳол панелҳои сендвичӣ дар се ченак истеҳсол карда мешаванд, – мегӯяд саркори корхона О.Маматов. – Ба маҳсулот аз ҳозир талаб зиёд, аз ҷониби корхонаҳое, ки дар ҳудуди минтақаи иқтисодӣ барпо мегарданд, фармоишот ҳаст. Баробари таъмини эҳтиёҷи доимӣ то ҷамъбасти сол ба роҳ андохтани содирот низ ба нақша даромадааст. Вақте корхона пурра ба кор андохта шуд, қисми асосии маҳсулот ба содирот бароварда мешавад.
Айни замон дар ин ҷо бо кӯмаки се нафар мутахассис, ки аз Чин омадаанд, бештар аз 20 нафар ҷавонон дар асоси технологияҳои замонавӣ ҷараёни истеҳсолиро идора мекунанд.
Дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ALFA MAX ALLIAN-CE», ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият сар кардааст, маҳсулоти попӯш ва трикотаж, дар корхонаи «SALIM BIZNES BARAKA» истеҳсоли устараи риштарошии якдафъаина, дар корхонаи «MAROKAND KABEL INVEST» бошад кабелҳои барқӣ ва чароғҳои замонавии LED оғоз ёфтааст.
Дар минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» то ҷамъбасти сол ба кор андохта шудани боз 10 корхона ба нақша даромадааст.

Ғ. ҲАСАНОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: