Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 сентябр ба Мактаби президентии шаҳри Тошканд, ки кори худро шурӯъ намудааст, ташриф овард.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 сентябр ба Мактаби президентии шаҳри Тошканд, ки кори худро шурӯъ намудааст, ташриф овард.
Роҳбари давлат аз аввалин рӯзҳои фаъолияташ мушкилоти асосии мамлакатро норасоии кадрҳои муносиби талаботи замони имрӯз, мутахассисони инноватсионӣ ва соҳиби тафаккури эҷодӣ дар тамоми соҳаҳо, касбкардаи технологияи пешқадам таъкид менамояд.
Чунки дар давраи мураккаби гузариш дар мактабҳо сифати таълим паст гардид, дар коллеҷҳо давомот фақат ба ном роҳандозӣ гардида буд. Вуҷуд надоштани мактабҳои эҷодӣ, масканҳои маданият, беэътиборӣ нисбат ба фаъолияти маҳфилҳо боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти зиёди ҷиддӣ гардид. Ҷавононамон бе дониш ба воя расида, баъзе аз онҳо роҳгум зада, баъзеашон дар мамлакатҳои хориҷӣ саргардонанд.
Аз ин боис, Шавкат Мирзиёев ба ин масъала чун ба ташвиш ва дарди худ нигоҳ карда, фардои диёрамон аз кадрҳои замонавӣ вобаста буданашро таъкид намуда, барои ин куллан такмил додани низоми таълим, дар рӯҳи ватанпарварӣ, молики маънавияти баланд тарбия намудани ҷавононро ба сифати вазифаи устувор ба миён гузошт.
Воқеан, агар ба таърихи давлатҳои тараққиёфта назар андозем, дар онҳо ислоҳот барои дигаргун намудани ҳаёти ҷамъият аввал аз низоми таълим, кӯдакистон, мактаб, масъалаи тарбия оғоз ёфтааст. Чунки мактаб, таълим ва тарбияро ба тартиб наоварда, шахс, ҷамъиятро дигар кардан намешавад.
Тавре ки роҳбари давлат таъкид менамояд, ба фардои Ӯзбекистон бовариро мустаҳкам намуда, барои муносиби аҷдод гардидан ислоҳотро аз илм бояд шурӯъ кард. Чунки бидуни илм дар ягон соҳа натиҷа ба даст намеояд.
Дар се соли охир дар бобати ҳал намудани масъалаҳои ин соҳа, барои дар мамлакат куллан такмил додани низоми кадррасонӣ корҳои доманфарох ба амал ҷорӣ гардид. Бо ҳамин мақсад чандин фармон ва қарор қабул гардида, дар ин бобат барои кӯшишҳои маҷмӯӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шуд. Низоми таълими томактабӣ, таълими умумӣ ва таълими олӣ аз лиҳози мазмун ва сифат торафт нав мегардад.
Мактабҳои бачаҳои боиқтидори ба номҳои алломаҳои бузург Мирзо Улуғбек ва Муҳаммад Хоразмӣ, мактабҳои эҷодӣ ба номҳои адибони маъруфи мардумамон, «Мактаби Темурбекҳо», Мактабҳои президентӣ, мактабҳои хусусӣ барин даргоҳҳои таълими замонавии намунавӣ дар Ӯзбекистон ташкил гаштаанд, ки барои фарзандони диёрамон дари имкониятҳои навро дар ин бобат барои таълим ва тарбия боз менамоянд.
Роҳбари давлат моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми ташриф ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон таъкид намуда буд, ки барои ба зинаи нави тараққиёт баровардани мамлакат, пеш аз ҳама зарурати тарбияи кадрҳои насли нав, бо ин мақсад дар ҳар як ҳудуди диёрамон яктоӣ мактабҳои тоифаи нав – Мактабҳои президентӣ ташкил намуданро таъкид карда буд. 20 феврали соли ҷорӣ қарори роҳбари давлат «Дар бораи ташкил намудани Мактабҳои президентӣ» қабул гардид. Бинобар он, дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Тошканд нахустин Мактаби президентӣ сохта шуд, дар шаҳрҳои Нуқус, Намангон ва Хева сохтмони чунин мактабҳо босуръат давом доранд.
Соли 2020 дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Самарқанд ва Фарғона, соли 2021 дар вилоятҳои Андиҷон, Навоӣ, Сурхондарё, Сирдарё ва Тошканд ташкил намудани Мактабҳои президентӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бешубҳа, ин масканҳои таълимии насли нав барои кадррасонӣ пойдевори муҳим хоҳанд гардид. Чунки дар Мактабҳои президентӣ барои аниқ намудани бачаҳои боиқтидор, сабақгирии онҳо якҷоя бо истифода аз технологияи пешқадам, инчунин тарбияашон дар доираи низоми ягона фаро гирифта мешавад. Ин барои дастгирӣ ва рағбатноксозии ҷавонони боистеъдод, аз лиҳози маънавӣ ва зеҳнӣ насли баркамолро ташаккул додан хидмат менамояд.
Мактабҳои президентӣ дар шакли муассисаи таълимии ихтисосӣ ташкил мегардад. Ба ин мактабҳо хонандагон аз байни хатмкунандагони синфҳои чорум бо озмоиши фикрронии мантиқӣ, бинобар натиҷаҳои имтиҳони хаттӣ ва суҳбат қабул мегарданд. Мактаб соле аз рӯйи квота 24 хонанда қабул намуда, дар ду синф баробар – 12 нафарӣ тақсим мегардад. Ҷараёни таълим аз рӯйи нақшаи таълимӣ ва дастурҳое, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ таҳия гаштаанд, ба забони англисӣ бурда мешавад. Якҷоя бо фанҳои табиӣ ва дақиқ, забонҳои хориҷӣ барои дар рӯҳи ватанпарварӣ, худшиносии миллӣ тарбия намуда, ба забон ва адабиёти ӯзбек, таърих ва дигар фанҳо низ аҳамияти алоҳида дода мешавад.
Дар Мактабҳои президентӣ барномаҳои «STEAM - таълим» (Science - илм-фан, Technology - технология, Engineering - эҷодкории техникӣ, Art - санъат, Mathematics - математика) ҷорӣ карда мешаванд.
Дар синфҳои 9-11 шавқу рағбат, қобилият ва салоҳияти зеҳнии хонандагонро ба инобат гирифта, баъзе фанҳо ба тарзи индивидуалӣ гузаронда мешаванд. Инчунин, машғулоти амалии беруназсинфӣ ташкил карда мешаванд.
Ба хатмкунандагони Мактабҳои президентӣ баробари ҳуҷҷат дар бораи маълумоти аз ҷониби давлат тасдиқшуда (шаҳодатнома, аттестат), дипломи дахлдори барномавии дараҷаи байналхалқӣ, ки имкони дохил шудан ба муассисаҳои пешсафи таълими олии мамлакатҳои хориҷиро медиҳад (International Bacca-laureate, Advanced Placement ё ки International Advanced Le-vels) дода мешавад.
Мактаби президентии дар Тошканд кушодашуда барои масканҳои дониши тоифаи нав ҳамчун намуна хидмат мекунад. Маскани мазкури таълим аз ҷиҳати сохт дар тафовут аз мактабҳои анъанавӣ ихчам ва барои донишгирӣ қулай мебошад. Мактаб дорои 168 ҷой буда, дар он 12 синфхона, 2-тогӣ хонаҳои информатика ва забони англисӣ, лабораторияҳои физика, кимиё, биология, хобгоҳ, ошхона, меҳмонхонаи дорои 15 ҷой барои омӯзгорони хориҷӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи хонаҳо бо таҷҳизоти замонавии таълим ва технологияҳои инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар сохтмони толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол низ аз нуқтаи назари инноватсионӣ кор пеш бурда шудааст. Хусусан, хобгоҳ қулайиҳои замонавиро дар худ таҷассум намуда, ба хонандагон имкони дар муҳити оила зистан ва дарс тайёр намуданро фароҳам меорад.
Хонандагон дар тӯли 5 рӯзи ҳафта дар мактаб сабақ мегиранд ва зиндагӣ мекунанд. Дар рӯзҳои истироҳат волидон метавонанд фарзандонашонро ба хона баранд.
Соли ҷорӣ аз 7 ҳазор нафар толибони ба синфҳои 5-10-ум ҳуҷҷатсупурда 144 нафарашон қабул шуданд. Якҷоя бо ширкатҳои рекрутингии «Teach Away» (Канада) ва «TIC Recruitment» (Бритониёи Кабир) ба мактаб 30 нафар мутахассиси хориҷӣ интихоб карда шуд. Инчунин, 72 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ва пурихтисоси ватанӣ ҷалб гардиданд. Моҳи август барои тамоми омӯзгорон тренинги махсуси ба татбиқи барномаи таълими Cambridge STEAM нигарондашуда ташкил карда шуд. Китобҳои дарсиву аёниятҳои таълимии ба барномаи STEAM оид оварда шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев бо шароитҳои дар мактаб фароҳам овардашуда шинос шуда, бо хонандагон суҳбат орост.
Ин дар ҳаёти шумо озмоиши якуми ҷиддӣ гардид. Худатон боварӣ ҳосил намудед, ки меҳнат, дониш, адолат чист. Ҳамаатонро аз самими қалб муборакбод менамоям, ки ба ин гуна мактаби бонуфуз муносиб дониста шудед. Шумо акнун «фонди тиллоӣ»-и Ӯзбекистон шудед. Бузургии халқ, мамлакатро бо ҳар роҳ тараннум намудан мумкин. Аммо афзалтарини онҳо бо дониш намоиш додан мебошад. Тамоми асосҳоро дорем бигӯем, ки аз байни ҷавононамон Хоразмиҳо, Ибни Синоҳо, Улуғбекҳо мебароянд. Имрӯз рӯзи таърихист. Пештар дар кишварамон ин гуна шароит набуд. Минбаъд ба меҳмонони бонуфузи хориҷӣ заводҳои калон-калонро не, балки Мактабҳои президентиро нишон медиҳем. Шумо бояд бо дониш, хулқу ахлоқ, ватанпарвариатон ба тамоми ҷавонон намуна гардед. Дар оянда бояд ба қуввае, ки ба тараққиёти Ӯзбекистон таъсир расонда метавонад, табдил ёбед, гуфт роҳбари давлатамон.
Таъкид гардид, ки хонандагони мактаб ба ғайр аз азхудкунии дониши замонавӣ соҳиби ҳисси пурзӯри худшиносии миллӣ буда, бояд таърихи халқамон ва забони модариро мукаммал донанд.
Роҳбари давлатамон бо омӯзгорони хориҷӣ ва маҳаллӣ суҳбат орост.
Мехостам суханони аз қаъри дилам баромадаро ба шумо гӯям: ман ба шумо сарвати азизтаринамро бовар карда месупорам. Чашмони аз ифтихор лабрез, ба илм ташна ва саъйи ба дониш доштаи бачаҳоро дида, боварӣ ҳосил намудам, ки роҳамон дуруст будааст. Ба шумо барои ба ислоҳот, тарбияи авлоди ҷавон ҳисса гузоштанатон миннатдорӣ изҳор менамоям, таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.
Дар вохӯрӣ бо падару модарони хонандагон ва намояндагони илму фан таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистон даври эҳё — бедоршавии сеюм оғоз меёбад.
Ин маскани илм бояд аз мактабҳои таълими ҳамагонӣ куллан фарқ кунад. Дар ин ҷо хонандагон зиста, сабақ меомӯзанд, беист дар болои худ кор мекунанд, фанҳоро аз худ намудани онҳо ба таври доимӣ таҳти назорат гирифта мешавад. Дар ин мактабҳо барои дар асоси нав ба роҳ мондани мазмуну сифати таълим дирӯз бо қарори Президент Агентии рушди Мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирон ташкил гардид.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки Мактабҳои президентӣ маскани дониши дар ҷаҳон дар асоси услубҳои замонавитарин ташкил шуда буда, ин мактабҳо на бо бино ё ки шароит, балки интеллект, муҳити маънавиву маърифӣ, услуби дарсдиҳӣ ба мактабҳои дигар намуна гардад.
– Донишгоҳи Кембриҷ бо Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои Мактабҳои президентӣ барои таҳияи барномаи таълимӣ ва сара кардани хонандагон қарордод имзо намудааст, – мегӯяд роҳбари барномаи таълимии муассисаи «Cambridge Asses-sment International Education»-и донишгоҳи мазкур оид ба Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ Стив Кинг. – Бинобар ин қарордод, ташкилоти мо соли ҷорӣ аввалин имтиҳонҳоро баргузор намуд ва дар натиҷа бачаҳои аз ҳама доно ва аз ҳама қобил интихоб гардиданд. Моро он чиз хушҳол гардонд, ки Президент Шавкат Мирзиёев зимни ташриф ин бачаҳоро оянда ва умеди Ӯзбекистон номид. Аз ин ки ташкилотамон дар лоиҳаи мазкур иштирок менамояд, мамнун ҳастем. Нафақат дар Тошканд, балки дар тамоми Мактабҳои президентӣ, ки дар ҳама ҳудудҳои диёратон ташкил мегарданд, ният дорем, ки дар интихоби бачаҳои иқтидорнок барои ин мактабҳо ҳиссаи худро гузорем.
– Писарам Паҳлавон ба синфи панҷуми мактаб қабул гардид, – мегӯяд Фаррух Турсунов. – Боз гардидани ин мактаб барои бачаҳои соҳиби иқтидор имконияти нав фароҳам меорад. Чунки шароите, ки дар ин ҷо вуҷуд дорад ягон падару модар дар хона фароҳам оварда наметавонад. Дар мактаб барои ҳар як хонанда яктоӣ нетбук ҷудо гаштааст, тамоми хонандагон бевосита ба забони англисӣ суҳбат мекунанд. Президент гуфт, ки «барои дар бачаҳо бедор намудани иштиёқ академикҳо ба инҷо омада аз ҳаёти худ нақл кунанд».
Ин азми бачаҳоро ба илмомӯзӣ пурзӯр намуда, барои дар оянда чун олимони машҳури ҷаҳон гардидан хидмат менамоянд. Дар мактаб ҷорӣ намудани технологияи нави таълим салоҳияти зеҳнии бачаҳоро зиёд менамояд.
– Дар асоси озмун қабул гардидани муаллимон, шаффофияти имтиҳонҳо, шароити мавҷуда, дохил намудани нақшаи таълим ва барномаҳои нав имкон медиҳад, ки Мактабҳои президентӣ аз ҳар ҷиҳат замонавӣ гарданд, – мегӯяд роҳбари лоиҳаи Мактабҳои президентӣ Амрулло Абдуллоев. – Дар ин мактабҳо хатмкунандагон барои ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон дохил гардидан қодир будан чун мизони асосӣ қабул гаштааст. Таҷрибае, ки аз ташкил намудани Мактабҳои президентӣ ҳосил мегарданд, минбаъд дар таҷдиди барномаҳои таълимӣ ва афзоиши сифати таълим дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ имкон медиҳад, ки дар тамоми ҳудудҳои диёрамон зина ба зина татбиқ гарданд.
Роҳбари давлат зимни ташриф дар китоби меҳмонони фахрии Мактаби президентӣ соядаст гузошт. Дар он, аз ҷумла чунин суханон ҳастанд:
«Имрӯз дар диёрамон рушди таълими мактаб ба мақсади умумимиллӣ, ҳаракати умумихалқӣ, ба вазифаи тамоми ҷамъият табдил меёбад.
Барои ба нияти неки ба зинаи баланди тараққиёти Ӯзбекистони нав ноил гардидан тарбия намудани ҷавонони тозафикр ва мустақил, Ватани худро бештар аз ҷон дӯстдоранда, барои ояндаи дурахшони он бо садоқат хидматкунанда, фидоиро тарбия намудан зарур аст.
Маҳз барои тарбияи чунин кадрҳои босалоҳият ва баркамол дар ҳар як ҳудуди ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимии шаклан мутлақо замонавӣ – Мактабҳои президентӣ ташкил намудем.
Боварӣ дорам, ки ин масканҳо шахсонеро, ки тақдири ояндаи Ӯзбекистони ҷонаҷонро барои ба даст гирифтан, дар рӯ ба рӯи давраи шиддатноки ҷаҳонишавӣ ва дар рақобат ғолиб – Хоразмӣ, Фарғонӣ, Берӯнӣ, Улуғбекҳои навро тарбия менамояд.
Хоҳишманди онам, ки Мактаби президентие, ки дар пойтахтамон – шаҳри Тошканд ба фаъолият оғоз намуд, дар ҷиҳати амалӣ сохтани орзуҳои бузург ва олиҷаноби халқамон барои ҳама намуна гардад».
Шавкат Мирзиёев бо аввалин хонандагон ва муаллимони мактаб сурат гиронд, ба маскани нави замонавӣ автобус туҳфа кард.
– Ба Ӯзбекистон ба сифати мураббии байналхалқӣ омадам. Аз ин хеле хурсандам. Маданияти мамлакататон, муносибати халқ ва меҳмондорӣ дар ман таассуроти зиёд гузошт, – мегӯяд муаллими Мактаби президентӣ дар вилояти Намангон Ҳафида Бенсаъдуни фаронсавӣ. – Ба Мактаби президентии Тошканд омада бо хонандагон ва муаллимон суҳбат намудам. Ният дорам, ки ба зудӣ корамро шурӯъ карда, барои ба хонандагони мамлакататон дарҳои ҷаҳонро кушодан тамоми таҷриба ва ғайрати худро ба кор меандозам. Сармояе, ки дар Ӯзбекистон барои таълим, ояндаи ҷавонон дохил гаштааст, албатта самара мебахшад, дар рушди мамлакат ҳиссаи бузург мегузорад.
Тараққиёти босуръати ояндаи мамлакат муайян намудани соҳибистеъдодҳои ҷавон, сара намудани бачаҳои боиқтидор ва такомули низоми таълим, ифшо намудани имконоти зеҳнии насли наврасро тақозо дорад. Дар ин бобат Мактабҳои президентӣ қадами муҳим гардида, дар бобати кадррасонии аз ҳар ҷиҳат мукаммал ва барои ҷамъият муносиб чун пойдевори мустаҳкам хидмат менамояд.
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори ӮзА.