ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА МЕҲНАТИ МАҶБУРИИ КӮДАКОН ХОТИМА ДОДА МЕШАВАД

Яке аз масъалаҳои ҳаллаш ногузир аз байн бурдани меҳнати маҷбурии кӯдакон мебошад.

 Ин масъала дар айни ҳол ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Президенти мамлакат 20 августи соли 2018 ба муқобили меҳнати маҷбурӣ қароре содир намуд. Бар асоси он Инспексияи давлатии меҳнат таъсис дода шуд. Ҳамчунин, бори нахуст дар Ӯзбекистон мутахассисон ва ҳуқуқшиносони Ташкилоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) аз тариқи “Мониторинги тарафи сеюм” ба пажӯҳиши ҳолатҳои меҳнати маҷбурӣ пардохтанд ва дар айни замон ин ташкилот ба таври мустақил фаъолияти худро пиёда мекунад. 
Матлаби мазкур дар мулоқоти мақомоти раҳбарии Вазорати шуғл ва муносибат ба меҳнати Ӯзбекистон бо аъзои як ҳайат ба миён гузошта шуд, ки аз Вазорати саноати Малайзия намояндагӣ мекарданд. Аъзои ин ҳайат аз он эҳсоси хушҳолӣ карданд, ки Ӯзбекистон барои аз байн бурдани меҳнати маҷбурии кӯдакон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
Раҳбари ин ҳайат Шамсиддин Бардан гуфт, ки зимни сафар онҳо бо ҳамтоёни ӯзбекистонии худ табодули таҷриба намуданд. Ӯ тазаккур дод, ки таҷрибаи Ӯзбекистон дар бобати коҳиши бекорӣ, аз байн бурдани меҳнати маҷбурӣ қобили қайд мебошад.
Вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнат  Нозим Ҳусанов гуфт, ки Ӯзбекистон мубориза бо меҳнати маҷбуриро аз соли 2018 шурӯъ намудааст. 
– Қарори Девони Вазирон аз 10 майи соли 2018 “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии бартараф намудани меҳнати маҷбурӣ” содир гардид ва нисбати меҳнати маҷбурӣ ҷавобгариро хеле пурзӯр намуд, – изҳор кард вазир. – Барои ҳамин вазорати мо низ ба манзури ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон телефонҳои боварӣ ва шабакаи хоси телеграмм ташкил намуд. Дар ин муддат аз тарафи шаҳрвандони зиёди соири шаҳру вилоятҳои кишварамон муроҷиатҳои зиёд сурат гирифтанд, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони мо қисми зиёди он ҳаллу фасл гардид. Гуфта метавонам, ки бо оғоз аз соли гузашта дар мамлакати мо меҳнати маҷбурии кӯдакон барҳам дода шуд.
Тавре ки вазир тазаккур дод, солона 500 ҳазор нафар бо ҷойи шуғли нав таъмин мегарданд. Дар айни ҳол 13 миллион шаҳрвандон ба таври доимӣ бо кор банд мебошанд. 
– Мо ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонамон дар хориҷи кишвар низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунем. Дар ин замина бо Созмони ҷаҳонии меҳнат аз наздик ҳамкорӣ ба роҳ мондаем, – мегӯяд Нозим Ҳусанов.
Моҳи феврали соли равон ҳайати баландпояе аз Ӯзбекистон ба ИМА сафар намуд ва дар нишасти эътилофи Cotton Compaign ширкат кард. Дар ин нишаст иштирокчиёни он барҳам хӯрдани меҳнати маҷбурии кӯдакон дар мавсими пахтачинии Ӯзбекистонро эътироф ва ин масъаларо аз феҳристи он хориҷ кардаанд.
– Нуктаи дигаре, ки боиси зикр мебошад, 1 апрели соли равон дар Брюссел таҳти мавзӯи “Дар чиниши пахтаи Ӯзбекистон меҳнати кӯдакон ва меҳнати маҷбурӣ чӣ тавр барҳам дода шуд?” як форум баргузор гардид. Он ҷо низ қайд гардид, ки мо чӣ тавр тайи муддати кӯтоҳ дар бобати мубориза бо меҳнати маҷбурӣ таҷрибаи зиёд андӯхтаем ва ин таҷрибаи моро намояндагони кишварҳои дигар мавриди омӯзиш қарор доданд, – гуфт Нозим Ҳусанов.
Расман эълон шудааст, ки меҳнати маҷбурӣ дар Ӯзбекистон мавриди пайгирии қонунӣ қарор мегирад. Хусусан, дар байни чораҷӯиҳое, ки ба муқобили меҳнати маҷбурӣ нигаронида шудаанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 августи соли 2019 ба моддаи 51-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ тағйирот ворид гардид. Бар асоси ин қонун дар сурати рӯй додани меҳнати маҷбурӣ бори аввал миқдори ҷарима аз 10 то 30 баробари маоши ҳадди ақалл таъин мегардад. Агар ин ҳол такрор ёбад, ҳаҷми ҷарима  аз 30 то 100 баробар афзоиш дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан миқдори ҷарима аз 1 то 3 баробари маоши ҳадди ақаллро ташкил мекарду бас.
Солҳои дароз истеҳсоли пахта дар мамлакати мо монокултура ҳисоб меёфт. 
– Ин чӣ маъно дорад? Солҳои дароз мо майдонҳои зиёдро бештар ба кишти парвариши пахта банд кардем ва ин кор ба тарзи маҷбурӣ низ сурат мегирифт. Ҳоло ин соҳа то ба 24 фоиз коҳиш дода шуд. Гузашта аз ин, тарзи кластер арзи вуҷуд кардааст, ки тамоми кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил ба дӯши худи коргарони он мебошад. Нархи чиниши як кило пахта аз 240-250 сӯм то ба 1200 сӯм бардошта шуд. Ҳатто баъзе хоҷагиҳо барои як кило пахта то 2 ҳазор сӯм пардохтанд. Ҳамин тавр, меҳнати маҷбурӣ ҷойи худро аз даст медиҳад, – мегӯяд Нозим Ҳусанов.
Ба таъкиди вазир масъалаи мубориза бо савдои одам низ ҳамеша мадди назар қарор дорад. Ҳоло барои тағйири Кодекси меҳнат ҳаракат оғоз ёфтааст ва нисбати меъёрҳо низ  табдили назар сурат мегирад. 
Тибқи маълумоти расмӣ дар айни ҳол 1 миллиону 300 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон  ба сифати бекорони доимӣ ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2019 320 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд. Ҳудуди 600 нафар инспекторон дар 200 ноҳияи кишвар машғул ба коранд, ки сафи бекорон беш аз пеш коҳиш дода шавад. 
Ба таъкиди Нозим Ҳусанов то соли 2025 70 дарсади корҳоро техника анҷом хоҳад дод. Ин техникаро мутахассисон идора хоҳанд кард, ки аз ҳар нигоҳ таҳсилдида ва босалоҳият мебошанд. Аммо меҳнати дастӣ ҳаргиз барҳам нахоҳад хӯрд, чунки анҷоми корҳои зиёд танҳо аз тариқи меҳнати дастӣ ба фарҷом мерасанд. 
– Дар пеш ҳанӯз вазифаҳое меистанд, ки ҳалли ногузирро тақозо менамоянд. Мо бояд ба муроҷиатҳои мардум бештар вокуниш нишон диҳем ва дар ҳаллу фасли мушкилоти онҳо бештар мусоидат намоем. Барои ҳамин робитаҳои гуногуни электронӣ роҳандозӣ намудаем, ки ҳар як шаҳрванд метавонад аз ҷойи истиқомат ба мо муроҷиат кунад. Ҳатто дар сурати зарурат номи ӯро мо ифшо намекунем. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки соли оянда дар кишоварзӣ меҳнати маҷбурӣ комилан шарти нолозим мегардад, – гуфт дар хотима Нозим Ҳусанов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: