Дар Ӯзбекистон дар доираи рушди «иқтисодиёти сабз» як қатор лоиҳаҳои инноватсионӣ, аз ҷумла лоиҳаи офариниш ва коркарди пуркунандаи барқи баландсуръат барои мошинҳои барқӣ дар асоси истифодаи нерӯи офтоб таҳия мешаванд.
Чӣ хеле ки маълум аст, мувофиқи қарори Президенти мамлакат “Дар бораи чораҳои рушди энергетикаи барқароршаванда ва водородӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (аз 9 апрели соли 2021 № ҚП-5063) дар назди Вазорати энергетика Пажӯҳишгоҳи миллии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ташкил карда шуд. Мувофиқи қарор дар назди пажӯҳишгоҳ Маркази илмию тадқиқотии энергетикаи водородӣ ва лабораторияи озмоиш ва сертификатсияи технологияҳои энергияи барқароршаванда ва водородӣ ташкил карда шуд, ки ҳоло дар онҳо як қатор тадқиқотҳои мавзӯии илмӣ бурда мешаванд.
Аз ҷумла, бо дастгирии техникии ширкати чинии "Henan Suda Electric Vehicle Technology Co., Ltd." ба Пажӯҳишгоҳ 20 мошини барқӣ ҷудо карда шудааст, ки дар асоси онҳо тадқиқоти илмӣ гузаронда мешавад. Ин ба он далел аст, ки мошинҳои барқӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисодиёти “сабз” ва бахусус рушди энергетикаи “сабз” мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди худи Пажӯҳишгоҳ панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 45 киловатт-соат гузошта шудаанд, ки дар асоси онҳо қувваи электр ҳосил карда, ин ташкилотро бо энергияи бефосила таъмин менамояд.
Барои тезондани рушди соҳа олимони Пажӯҳишгоҳ як қатор лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотиро ба амал бароварда истодаанд.
Аввалини онҳо лоиҳаи созмон додан ва коркарди таҷҳизоти балансуръати пуркунандаи барқ барои мошинҳои барқӣ бо истифода аз технологияи офтобӣ мебошад. Мақсади он бо назардошти шароити иқлимии Ӯзбекистон дар тамоми минтақаҳо таҳия кардани таҷҳизот оид ба зуд зарядгирии мошинҳои барқӣ мебошад, ки онҳо дар баробари шабакаҳои барқи маҳаллӣ, тавассути стансияҳои фотоэлектрикии офтобӣ бо низоми ғанигардонии энергия кор мекунанд.
Дар натиҷа, ҳар як чунин системае, ки дар кишвар насб карда шудааст, дар як сол 32 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ тавлид мекунад, ки барои 950 мошини барқӣ пешбинӣ шудааст ва илова бар ин, 11,2 ҳазор метри мукааб гази табииро сарфа намуда, пеши роҳи ба атмосфера баровардани 19,8 тонна газҳои зарарнокро мегирад.
Мавзӯи лоиҳаи дуюме, ки Пажӯҳишгоҳ тартиб медиҳад, коркард ва тайёр кардани асосҳои техникию иқтисодии ҷорӣ намудани системаҳои фотоэлектрикии офтобӣ дар шабакаи электрикии марказӣ мебошад.
Лоиҳа таҳияи қарорҳои мушаххас, асосҳои техникӣ-иқтисодӣ ва меъёрҳои истифодаи бехатари системаҳои фотоэлектрикиро дар минтақаҳои кишвар бо назардошти шароити иқлим пешбинӣ мекунад.
Пешбинӣ шудааст, ки системаҳои фотоэлектрикӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, дар маҳалҳои истиқоматӣ, корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ, ки ба шабакаи умумӣ пайвастанд, қобили истифодаанд.
Бартарии он дар он аст, ки қувваи барқи ба воситаи фотоэлектрикҳо ҳосилшаванда бо талафоти кам ба шабака гузаронда мешавад. Барои ба шабака пайваст кардани системаҳои фотоэлектрикӣ ва механизмҳои тарифӣ бо назардошти шароити иқлими минтақаҳо тавсияҳо тартиб дода мешаванд.
Лоиҳаи сеюм: Истеҳсоли хурди истгоҳҳои обуҳавошиносӣ барои чен кардани радиатсияи офтоб, суръат ва самти шамол, ҳарорати ҳаво, боришот.
Ба лоиҳа, ки якҷоя бо Вазорати энергетика ва Ӯзгидромет татбиқ хоҳад шуд, ҷалб намудани муассисаҳои таълими олӣ, корхонаҳои саноатӣ, инчунин хоҷагиҳои фермерӣ ва намудҳои дигари соҳибкорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин имкон медиҳад, ки дар кишвар дар асоси базаи маълумотҳои дар стансияҳои метеорологӣ гирифташуда нерӯгоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ сохта, бо ҳамин тағйироти метрологиро аниқтар пешгӯӣ карда, самараи максималии кори нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ ва нерӯгоҳҳои барқии шамолӣ таъмин карда шавад.
Бо мақсади боз ҳам тараққӣ додани соҳаи энергияи барқароршаванда ва водородӣ пажӯҳишгоҳ хоста гирифтани мутахассисони нав, ҷавонони умедбахш, коркунони илмиро пешбинӣ намудааст. Ба маъмурияти Пажӯҳишгоҳ метавонанд мутахассисоне, ки хоҳиши дар ин соҳа тадқиқот гузарондан доранд, муроҷиат намоянд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.