Президенти кишвар ба Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» имзо кард (ҚҶӮ аз 14 марти соли 2022, №759).
Ба муносибати он, ки дар Қонун ба ҷои шиносномаҳои биометрӣ ID-корт ҷорӣ шудааст, ба баъзе кодексҳо ва қонунҳо мафҳуми ID-корт ворид шудааст.
Инчунин, барои гум кардани ID-кортҳо, шиносномаҳои биометрӣ барои сафар ба хориҷа, барои хароб кардани онҳо ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Дар Кодекси оила муқаррар шудааст, ки қайди таваллуди кӯдакон дар давоми 1 моҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сарфи назар аз ҷои истиқомати доимӣ ё истиқомати муваққатии падару модарон сурат мегирад.
Меъёре, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият қайд кардани ақди никоҳ гузошта мешавад, хориҷ карда шудааст.
Ҳангоми барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ гирифта шудани китъаи замин, агар манзили ба шаҳрвандҳо додашуда назар ба манзили пештара қиматтар бошад, фарқи он аз ҳисоби шаҳрвандон баргардонида намешавад. Пештар ин тафовут дар давоми 5 сол баргардонда мешуд.
Боҷи давлатӣ барои додани шиносномаи биометрӣ барои сафар ба хориҷа ба шахсе, ки ба Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ дохил карда шудааст, инчунин ба шахсе, ки ӯро ҳамроҳӣ мекунад, барои расонидани ёрии махсуси тиббӣ ё анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ дар давлати хориҷӣ ситонида намешавад.
Барои додани корти ID ба миқдори 89 дарсади андозаи ҳисоби базавӣ ва барои додани шиносномаи биометрӣ барои сафар ба хориҷа ба миқдори 1 баробари андозаи ҳисоби базавӣ (қаблан он 1,2 АҲБ-ро ташкил медод) боҷ ситонида мешавад.