СММ аҳамият ва миқёси падидаи муҳоҷирати хориҷии меҳнатиро, ки ба он миллионҳо нафар одамони давлатҳои сершумор ҷалб гардидаанд, эътироф менамояд.
Ин ҳодисаи мазкури васеъмиқёсро ба эътибор гирифта, ҷомеаи байналхалқӣ бо роҳи қабул намудани конвенсияи ҳаматарафа кӯшиш менамояд бобати дар муомила будан бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо тамоюлу меъёрҳои байналхалқиву ҳуқуқиро барқарор кунад. Яке аз чунин ҳуҷҷатҳо Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба ҳисоб меравад, ки бо резолютсияи 45/158-и Ассамблеяи генералии СММ аз 18 декабри соли 1990 қабул шудааст.
Дар Ӯзбекистон тӯли се сол бори аввал бинобар офаридани воситаҳои дастгирии ҳуқуқӣ, молиявӣ ва моддии муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои васеъмиқёс оғоз ёфтанд. Дар айни ҳол дар берун аз ҳудуди мамлакат бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ӯзбекистон аз ҷониби Агентии оид ба муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ ва агентиҳои хусусии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардонда мешаванд.
Дар ин соҳа бояд ба ду ҳуҷҷати муҳим эътибор дод, ки моҳи августи соли ҷорӣ ба мақсади расондани кӯмак ва дастгирӣ кардани шаҳрвандони мамлакат дар татбиқи ҳуқуқи дар хориҷ ба фаъолияти меҳнатӣ доштаи онҳо: Фармони Президент «Дар бораи чораҳои минбаъд пурзӯр гардондани кафолати ҳифзи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзои оилаи онҳо, ки дар хориҷ муваққатан фаъолияти меҳнатӣ пеш мебаранд» аз 20 августи соли 2019, инчунин қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар хориҷ фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пеш мебаранд» аз 23 августи соли 2019 қабул шудаанд.
Ҳуҷҷатҳои мазкури меъёриву ҳуқуқии Президент ва ҳукумат аз рӯи моҳият фарогирии чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони Ӯзбекистонро, ки дар хориҷ муваққатан фаъолияти меҳнатӣ пеш мебаранд, васеъ мегардонад, роҳҳои идоракунии самарабахш ва назорати ҷараёни муташаккилона қабул кардан, тайёркунӣ, баргузор намудани чорабиниҳои мувофиқгардӣ ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандонро дар хориҷ ва Ватан муайян менамояд.
Ҳуҷҷатҳои қабулшуда моҳиятан ба татбиқи ӯҳдадориҳои байналхалқии ҷумҳурӣ оид ба дастгирӣ намудани шаҳрвандонамон дар бо кор таъмин намудан дар берун аз ҳудуди мамлакат, инчунин баъд аз бозгашт ба Ватан таъмин намудани ҳамроҳ шудани онҳо ба ҷомеа, амалӣ гардондани маҷмӯи чорабиниҳо, ки ба баланд бардоштани даромад ва дараҷаи зиндагии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии дар Ӯзбекистон ҷойдошта бо роҳи кӯмак расондан дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоиву маишӣ, беҳтар гардондани шароити манзил, таъмин кардани шуғли аъзои оилаи қобили меҳнат нигаронда шудааст, таҳрики пурзӯр мебахшад.
Бори аввал чораҳои дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнат, ки нияти дар хориҷ муваққатан фаъолияти меҳнатӣ пеш бурданро доранд, муайян шуданд, ба онҳо вомҳо, қарзҳои кучак ва барои пӯшондани суғурта намудани ҳаёту сиҳатии шаҳрвандон ёрии моддӣ дода мешаванд.
Ба мақсади ба ҳамдигар мувофиқ гардондани фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва ташкилотҳои дигар оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии ташкилшуда, ҳифзи самарабахши ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ, расондани ёрии моддӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҳаллу фасли вазифаҳои дигари соҳа Комиссияи ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ таъсис дода шудааст.
Ба зиммаи комиссияи мазкур вазифаҳои зерини асосӣ гузошта шудааст:
ташкил кардани коркард ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ, минбаъд такмил додани қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ дар соҳаи мазкур;
кӯмак расондан ба шаҳрвандони Ӯзбекистон дар татбиқи ҳуқуқи дар хориҷ ба фаъолияти меҳнатӣ доштаи онҳо, шароитҳои адолатнок ва бехавфи меҳнат, таъмин кардани ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо, инчунин ҳамроҳ шудан ба ҷомеа баъд аз бозгашт ба Ватан;
шунидани ҳисоботи роҳбарони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва ташкилотҳои дигар дар бораи корҳои дар соҳаи муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ амалишуда, дар асоси ин қабул намудани қарор бинобар рағбатноксозӣ ё ки ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо;
баргузор намудани таҳлилу мониторинги низомноки ҳолати корҳо дар соҳаи муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ бинобар натиҷаи онҳо коркарди чораҳои дақиқ, ки ба баланд бардоштани самарабахшии воситаҳои дастгирии ҳуқуқӣ, молиявӣ ва моддии муҳоҷирони меҳнатӣ нигаронда шудааст.
Муайян шудааст, ки раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин роҳбарони мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳо дар тӯли шаш моҳ камаш як маротиба дар назди комиссияи ҷумҳуриявӣ дар бораи корҳои дар соҳаи дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо амалишуда ҳисобот медиҳанд.
Яке аз вазифаҳои муҳими он ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатии мамлакатҳои хориҷӣ бинобар масъалаҳои муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ, баррасӣ намудани таклифот оид ба ҳамроҳ намудани (ратификатсия кардани) Ӯзбекистон ба шартномаи байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар тӯли солҳои рушди мустақили мамлакатамон бинобар ба танзим овардани соҳаи фаъолияти муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ бо роҳи қабули ҳуҷҷатҳои байналхалқиву ҳуқуқӣ ҳамчун дар асоси бисёрҷониба ва дуҷониба як қатор корҳо амалӣ шуданд.
Ҷумҳурӣ аз давраи ҳамроҳ гардидан ба СБМ дар соли 1992 13 конвенсияи ин созмони байналхалқиро ратификатсия кард. Бинобар татбиқи пайваста ва минбаъд такмил додани қонунгузории меҳнатӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар соли 2018 Ӯзбекистон конститутсияи Созмони байналхалқии муҳоҷиратро ратификатсия кард.
Дар доираи ИДМ Ӯзбекистон ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ имзо гузошт. Созишномаҳо дар асоси дуҷониба бо Ҷумҳурии Куриё, Федератсияи Русия ва Қазоқистон ба имзо расиданд.
Аз ҷумла, байни Ӯзбекистон ва Русия як қатор созишномаҳои муҳими байниҳукуматӣ фаъолият доранд, ки ба танзим овардани ҷараёни ҳаракати қувваи корӣ, хусусан муташаккилона қабул кардан ва ҷалб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои амалӣ гардондани фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар ҳудуди ФР нигаронда шудааст. Ба ин мақсадҳо аз соли 2017-ум гурӯҳи кории Ӯзбекистону Русия, ки вазирони меҳнати ду давлат раҳбарӣ мекунанд, фаъолият нишон медиҳад.
Дар айни ҳол дар тӯли се соли гузашта ҷумҳуриамон ба як қатор созишномаҳои нав имзо гузошт, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти хориҷии меҳнатӣ дар чунин мамлакатҳо мисли Туркия, АМА нигаронда шудаанд. Чунин корҳо бо дигар мамлакатҳо низ дар асоси манфиати мутақобила идома доранд.
Ҷиҳатҳои ба худ хоси тамоми созишномаҳои дар ин соҳа баимзорасида дар навбати аввал дар он аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди ҷониби қабулкунанда аз ҳуқуқҳое, ки шаҳрвандони он мамлакат доранд, истифода мебаранд.
Дар ин бобат сухан дар бораи ҳуқуқҳои зерин меравад: шароити бехатари меҳнат, баробар ҳақ додан барои кори баробарқимат, аз он ҷумла, додани иловапулӣ ва ҷубронпулӣ барои шахсоне, ки ба он ҳуқуқ доранд; истифода бурдан аз манзил дар асоси пулӣ, таъминоти иҷтимоӣ (суғуртаи иҷтимоӣ); суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз бадбахтӣ дар истеҳсолот ва касалиҳои касбӣ; рӯёндани зараре, ки ба ҳаёт ва сиҳҳатӣ дар натиҷаи бадбахтӣ дар истеҳсолот ё ки касалии касбӣ расонда шудааст; фароҳам овардани имконият барои шуғл варзидан бо кори дигари ҳақдиҳанда дар ҳолати ба туфайли вазъияти ба муҳоҷири меҳнаткаш алоқаманднабуда гум кардани он, мавҷуд набудани маҳдудиятҳо ва дигар шартҳо.
Ҷиҳати дувуми ҳуҷҷатҳои мазкур дар он аст, ки онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро аз ӯҳдадории риоя намудан ба қонун ва қоидаҳои ҳар як давлати транзитӣ ва давлате, ки муздурӣ мекунад ё ки аз ӯҳдадории эҳтиром намудани хусусиятҳои ба худ хоси мадании сокинони ҳамон давлат озод намекунанд.
Ҷиҳати сеюми ин созишномаҳо ва конвенсияҳои дигар дар бораи ёрии ҳуқуқӣ аз он иборат аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба гирифтани муҳофизат ва ёрӣ аз ҷониби муассисаҳои консулӣ ё дипломатии мамлакатамон ҳуқуқ доранд.
Ҳуҷҷатҳои нави меъёриву ҳуқуқии қабулшудаи Президент ва ҳукумат дар соҳаи муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ ба ҳифзи шаҳрвандон мувофиқи талаботи байналхалқӣ мусоидат менамояд. Дар ин масъалаи мазкур ба кӯмаки ҳамаҷониба расондан ба муташаккилона қабул кардан ва ҷалб намудани шаҳрвандони мамлакат барои амалӣ гардондани фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар хориҷ дар асоси дархостҳои пешакӣ аз кордиҳандагони хориҷӣ, ки дар он ҷо шароит ва музди меҳнат, пакети иҷтимоӣ ва андозаҳои дигари муҳим нишон дода мешаванд, эътибори устувор нигаронда шудааст.
Ҳуҷҷатҳои мазкур аз иштирокдорони фаъолияти хориҷии меҳнатӣ тақозо менамояд, ки бо ҳуҷҷатҳо барои шуғлфарогирӣ ва қоидаҳои шартномаҳои байналхалқии ҷумҳурӣ дар ин соҳа васеъ шинос шаванд. Дар ин, хусусан, қоидаҳои рафтуомад, суғуртаи ихтиёрии ҳаёт дар мамлакати амалӣ гардондани фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ва муомила бо ҳуҷҷат, ки шахсияти шаҳрвандро тасдиқ менамояд, (шиноснома) ба назар гирифта мешаванд. Дар Ӯзбекистон масъалаи кушодани филиалҳои (фронт- офис) мақомоти Русия ва ташкилотҳо, ки ба расондани хизмат оид ба тайёрӣ, расмигардонӣ ва додани рухсатнома (патент) барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия хидмат мерасонанд, инчунин, марказҳои дастгирии раводиду ҳуҷҷатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойгоҳи намояндагиҳои марказҳои муҳоҷири ин мамлакат мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҳамкории аҳлона ва самарабахши тамоми созмонҳои давлатии соҳавии ҷалбшуда, институтҳои иттиҳоди экспертӣ ва шаҳрвандии ҷумҳурӣ дар коркарди масъалаи ҳамроҳ шудан (ратификатсия) ба Конвенсияи байналхалқии мазкур, инчунин конвенсияҳои дигари ҳамаҷониба ва минтақавӣ дар соҳаи муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ бо назардошти талаботи Қонун «Дар бораи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аҳамияти муҳим дорад.
Дар айни ҳол амалиёти истифодаи ҳуқуқ дар соҳаи фаъолияти хориҷии меҳнатӣ нишон медиҳад, ки имрӯз татбиқи ҳуқуқ барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷ бо қоидаҳои Қонун «Дар бораи шуғли аҳолӣ» маҳдуд карда мешавад.
Ба ғайр аз ин, ҳуҷҷати қонунгузорие вуҷуд надоранд, ки тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ, инчунин меъёрҳои шартномаҳои байналхалқии ҷумҳуриро дар соҳаи фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар хориҷ ба танзим оварад. Вазифаҳои наве, ки аз ҳуҷҷатҳои қабулшудаи Президент ва ҳукумат оиди минбаъд такмил додани қонунгузории миллӣ ва амалиёти истифодаи ҳуқуқ дар соҳаи мазкур бармеоянд, метавонанд меъёрҳои мазкурро дар як қонун, ки муҳоҷирати хориҷии меҳнатиро муайян менамояд, ба низом дароранд.
Комил РАШИДОВ,
доктори фанҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
ӮзА.