Дар Ӯзбекистон дархостҳо барои қарзҳои имтиёзноки ипотекӣ кушода шуданд

Дар Ӯзбекистон қабули дархостҳо барои гирифтани қарзҳои ипотека барои таъмир ва сохтмони манзил оғоз шуд.

Қарор дар бораи додани қарз дар асоси тавсияҳои «Ҳафтгонаи маҳалла» қабул карда мешавад.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд барои гирифтани қарзҳои ипотека бо шартҳои мусоид дархост пешниҳод кунанд. Ҳаҷми қарз то 120 миллион сӯмро ташкил дода, муҳлати пардохт то 20 сол ва меъёри фоизи солона 17,5 фоиз муқаррар шудааст.

Қарзҳо дар асоси тавсияҳои «Ҳафтгонаи маҳалла» дода мешаванд.

Дархостро метавон онлайн тавассути платформаи online-mahalla.uz пешниҳод кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: