ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОНИШГОҲИ ӮЗБЕКИСТОНИВУ БРИТОНӢ КУШОДА МЕШАВАД

Дар Лондон байни Агентии рушди саноати дорусозии назди Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи Де Монфорт муоҳида ба имзо расид.

Ҳуҷҷат рушди ҳамкориро дар соҳаҳои илмиву таълим, аз он ҷумла тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо, баргузор намудани тадқиқотҳои муштараки илмӣ, инчунин трансфери технология ва донишҳо ба саноати дорусозии Ӯзбекистонро пешбинӣ менамояд.
Муоҳида дар рафти ташрифи амалии ҳайати вакилон таҳти сарварии директори Агентӣ С.Қориев ба Бритониёи Кабир ба имзо расид.
Дар вохӯрӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи Бритониё пешомади рушди ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ баррасӣ гардиданд.
Бинобар натиҷаи музокирот ҷонибҳо бобати дар Ӯзбекистон кушодани донишгоҳи муштараки дорусозӣ дар асоси андозаҳои таълимии Бритониё аҳду паймон намуданд.
Ба нақша гирифта мешавад, ки донишгоҳи нав дорои кампус ва боғи илмиву техникӣ мебошад, ки дар он бинобар коркарди воситаҳои дорувории нав ва серхаридор бо роҳандозии истеҳсолоти саноатии он тадқиқотҳои амиқи илмӣ гузаронда мешаванд. 
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳайати донишгоҳи Де Монфорт ба Ӯзбекистон 9-11 октябр бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти Донишкадаи дорусозии Тошканд ва гузарондани таҳлили талаб ва имкониятҳо барои созмон додани мактаби нави олӣ ташриф оварда буд.

АА «Дунё»,
ЛОНДОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: