Дар Ӯзбекистон доруи нави табиии табобати бемориҳои аллергии пӯст офарида шуд, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад

Олимони Донишкадаи иммунология ва геномикаи инсон якҷо бо ҳамкорони Донишкадаи химияи моддаҳои растании Академияи илмҳо, Донишкадаи ваксинаҳо ва зардобҳои Агентии рушди саноати фармасевтӣ доруи навро барои табобати бемориҳои пӯст офариданд.

Мувофиқи маълумоти Академияи илмҳо доруи нав -- малҳами 4-фоизии "Дермаглибид" барои муолиҷаи дерматозҳои аллергии пӯст аз экстрактҳои ғафси растании ботлоқии гулҳояш зарди сетарафа ва экстраки хушки решаи ширинбия мебошад. Озмоишҳои пеш аз клиникӣ аллакай гузаронида шудаанд.

Айни замон ҳуҷҷатҳои зарурии маводи доруворӣ ба Кумитаи дорусозӣ пешниҳод гардида, дар марҳилаи дуюми ташхис қарор доранд.

Ин марҳам  то ҳол аналог надорад ва дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ компонентҳои таъсирбахш ва базаи малҳам ба вуҷуд оварда шудааст. Дар Ӯзбекистон барои истеҳсоли ин дору базаи ашёи хоми кофӣ мавҷуд буда, он заҳрнок нест, дар муолиҷаи дерматозҳои аллергӣ нисбат ба дигар доруҳои зиддигистаминӣ самараноктар аст.

Аллергодерматоз як гурӯҳи калони бемориҳои пӯст мебошад, ки сабаби асосии пайдоиши онҳо аксуламалҳои аллергӣ, аз ҷумла дерматитҳои атопӣ, дерматитҳои аллергӣ, шаклҳои гуногуни экзема, пешоб, васкулитҳои аллергӣ, токсикодермия ва ғайра мебошанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: