ДАР ӮЗБЕКИСТОН ГУЗАРОНИДАНИ ҶАМЪОМАДИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ ПЕШБИНӢ МЕГАРДАД

Роҳбари Палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон Т.Норбоева дар доираи сафараш ба Федератсияи Русия дар ҷамъомади Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ иштирок кард.

Роҳбари Палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон Т.Норбоева дар доираи сафараш ба Федератсияи Русия дар ҷамъомади Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ иштирок кард.
Дар он як қатор масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Ассамблея, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти созмон дар соли 2020-ум баррасӣ шуданд.
Иштирокдорон ахбори Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ-ро аз 6 ноябри соли 2020 ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ро аз 18 декабри соли 2020 шуниданд. Онро Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев пешкаш кард.
Аъзои Шӯро ҳамчунин ҷараёни омодагиро ба Конгресси IX-и байналхалқии экологии Нева, ки бояд рӯзҳои 27-28 майи соли 2021 гузарад ва тайёрӣ ба анҷумани сеюми занони Авроосиё, ки 13-15 октябри ҳамин сол баргузор мегардад, баррасӣ намуданд. Аъзои парлумон натиҷаи мушоҳидаи маъракаҳои интихобот, ки моҳи январи соли равон баргузор шуданд ва як қатор масъалаҳои дигарро муҳокима карданд.
Ғайр аз ин фаъолияти Шӯрои коршиносони оид ба иқтисодиёти назди Ассамблея, вазифаҳои стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2030-юм низ таҳлил гардиданд.
Таъкид шуд, ки ҷамъомади навбатии Шӯрои роҳбарони давлатҳои ИДМ, саҳеҳтараш анҷумани ҷашнии ИДМ дар Минск баргузор хоҳад шуд. Ҳозирон ба мувофиқа расиданд, ки ҷамъомади Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ моҳи ноябри соли 2022-юм дар Ӯзбекистон гузаронида шавад.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: