Дар Ӯзбекистон иловаи мобилӣ барои мониторинги истеъмоли неруи барқ ба кор даромад

Дар доираи татбиқи низоми нави ҳисобкунии неруи барқ “HET Billing” замимаи мобилӣ барои мониторинги онлайни барқи истеъмолшуда ба кор даромад.

Дар ин бора ҶС "Шабакаҳои барқии минтақавӣ" хабар додааст.

Ҳоло истеъмолкунандагон метавонанд ин замимаро дар дастгоҳҳои Android ва iOS ройгон зеркашӣ кунанд. Замимаи мобилӣ ба таври худкор нав карда мешавад.

Қайд мегардад, ки ин замима имкон медиҳад, ки масрафи неруи барқ, аз ҷумла маълумот дар бораи пардохтҳо, масрафи ҳаррӯза ва дигар маълумотҳо  дар тартиби онлайн пайгирӣ карда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: