Дар Ӯзбекистон кӯдакон ба синфи 1-ум дар ҳудуди микрорайон ва берун аз он қабул карда мешаванд

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Ўзбекистон расондани хидмати давлатӣ оид ба қабули кӯдакон ба синфи 1 дар ҳудуди микрорайон ва берун аз ҳудуди он пешбинӣ шудааст.

Дар ҳудуди микрорайон:

Ҳар сол аз 20 июн то 31 июл падару модари кӯдак ё намояндаи қонунии он барои ҷойгир кардан ба мактаби таълими ҳамагонӣ ба воситаи ПЯИХД  (my.gov.uz) ёки портали my.maktab.uz анкета месупорад.

Анкета ба таври автоматӣ ба шӯъбаи минтақавии маорифи халқ фиристода, дар давоми 3 рузи корӣ дида баромада, ба мактаби микрорайон фиристода мешавад.

Довталаб дар якҷоягӣ бо кӯдак ба мактабе, ки аризааш аз рӯи микрорайон фиристода шудааст, дар асоси навбати онлайн муроҷиат мекунад.

Аризадиҳанда метавонад ба таври автоматикӣ дар бораи ба мактаб қабул шудану нашудани кӯдакаш тавассути  ПЯИХД  (my.gov.uz) ёки портали my.maktab.uz маълумот гирад.

Берун аз ҳудуди микрорайон:

Пас аз он ки довталаб (волидайни кӯдак ё намояндаи қонунии ӯ) ҳар сол аз 1 то 15 август бо салоҳдиди худ мактабҳоеро, ки дар берун аз ҳудуди микрорайон ҷойҳои холӣ доранд, интихоб намуда, варақаи аризаи ӯ ба таври худкор ба ин мактабҳои берун аз ҳудуди микрорайон ҷойгиршуда фиристода ва ба навбати онлайн гузошта мешавад.

Аризадеҳ ва фарзандаш ба мактабе, ки берун аз микрорайон воқеъ аст, мувофиқи навбати онлайн дар вақти муқарраршуда ариза медиҳад.

Мактабе, ки берун аз ҳудуди микрорайон ҷойгир шудааст, худи ҳамон рӯз ба довталаб маълумотро дар бораи бақайдгирӣ ё рад кардани қабули кӯдак ба мактаб тавассути ПЯИХД  (my.gov.uz) ёки портали my.maktab.uz ирсол мекунад.

 Ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ки шумораи хонандагонаш аз иқтидори умумии хонандагон зиёд аст, ба таври иловагӣ қабул кардани кӯдакони ба дигар микрорайонҳо марбут иҷозат дода намешавад, хабар медиҳад Вазорати адлия.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: