ДАР ӮЗБЕКИСТОН МАЪРАКАИ ИНТИХОБОТ ОҒОЗ ЁФТ

Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мамлакат аз 20 сентябри соли 2019-ум оғоз ёфтани маъракаи интихоботро эълон кард.

Ӯзбекистон дар арафаи ҷараёни муҳими сиёсӣ – интихобот ба Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ қарор дорад. 
Ҷамъомаде, ки дар маркази байналхалқии матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ баргузор гардид, ба корҳои ташкилии вобаста ба маъракаи интихобот бахшида шуд.
Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ М. Абдусаломов таъкид намуд, ки интихобот барои дар мамлакат татбиқ гардидани ислоҳоти демократӣ, амалӣ сохтани вазифаҳои барномавии тараққиёти стратегии оянда аҳамияти бузург дорад.
Комиссияи марказии интихоботӣ маълум кард, ки 22 декабри соли 2019-ум рӯзи интихоботи депутатҳои Палатаи қонунофарии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ мебошад. Эълон гардид, ки маъракаи интихобот аз 20 сентябр оғоз ёфт.
Дар ҷамъомад ҳамчунин барномаи тадбирҳои асосии интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ тасдиқ гардид.
Дар чорабинӣ махсус таъкид шуд, ки дар Ӯзбекистон, ки ба зинаи нави тараққиёти демократӣ қадам  гузоштааст, барои интихоб кардани парлумон ва Шӯроҳои нави маҳаллӣ маъракаи интихобот дар рӯҳи нав мегузарад.
Интихоботи оянда ифодаи равшани дарамали ғояҳои пешқадами демократии панҷ самти муҳими устувори инкишофи мамлакат хоҳад шуд, ки дар Стратегияи амалиёт таҷассум ёфтаанд. Дар ҳаёти ҷамъияти мо тамоилҳои бисёрҳизбӣ, чандандешии сиёсӣ, гуногунфикрӣ, рӯшодӣ ва ошкорбаёнӣ, кушодадилӣ торафт васеъ ва мустаҳкам мақом пайдо мекунанд.
Соли равон дар парлумони мамлакат ва депутатҳои халқии Шӯроҳои маҳаллӣ интихобот бори аввал дар пояи Кодекси нави интихобот баргузор мегардад. Дар интихобот бори аввал панҷ ҳизби сиёсӣ – Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон, Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон номзадҳои худро пешбарӣ мекунанд.
Мувофиқи Кодекси интихобот минбаъд ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд, ба Палатаи қонунофарӣ барои интихоботи оянда аз 135 то не, балки аз тамоми 150 ҳавзаи интихоботӣ номзадҳои худро пешбарӣ намоянд. Бекор карда шудани квота, ки барои Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон дода шуда буд, рақобати байни ҳизбҳоро пурқувват хоҳад кард.
Дар интихобот беш аз 20 миллион нафар интихобкунанда иштирок менамоянд, аз ҷумла зиёда аз ду миллион ҷавонон бори аввал овоз медиҳанд.
Дар хотимаи ҷамъомад раиси Комиссияи марказии интихоботӣ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ба толори махсус орододашудаи Маркази байналхалқии матбуот даъват шуданд. Онҳо тугмачаҳои шаффофро пахш карда, ба маъракаи интихобот ба тарзи тантанавӣ оғоз бахшиданд. Дар экрани бузург тасвири «Соли 2019, 22 декабр. «Ӯзбекистони нав. Интихоботи нав!» падидор шуд.
Дар Маркази байналхалқии матбуот фаъолияти маркази зудамали ба интихобкунандагон маълумотдиҳанда (Call-center) ба роҳ монда шуд. Дар минтақаҳои марказ низ шуъбаҳо ба кор сар карданд.

Н. АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: