ДАР ӮЗБЕКИСТОН НИЗОМИ ЭЪТИМОДБАХШИ ҲИФЗ ВА ДАСТГИРИИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН ТАШАККУЛ ЁФТААСТ

Ин гуфта дар конфронсе, ки дар Пекин бо иштироки намояндагони ҷавони кишварҳои СҲШ ва Авроосиё доир ба мавзӯи «Дар якҷоягӣ ба хотири ояндаи умумӣ» баргузор шуд, ёдрас гардид.

Ин гуфта дар конфронсе, ки дар Пекин бо иштироки намояндагони ҷавони кишварҳои СҲШ ва Авроосиё доир ба мавзӯи «Дар якҷоягӣ ба хотири ояндаи умумӣ» баргузор шуд, ёдрас гардид.
Чорабиниро Комиссияи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ созмон додааст. Дар кори он роҳбарони ВКХ ҶХХ, котибияти СҲШ, намояндагони расмӣ ва доираҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин созмонҳои ҷавонони кишварҳои СҲШ ва Авроосиё ширкат ҷустанд.
Дар рафти кори конфронс дипломатҳои сафорати мамлакатамон дар ҶХХ ба иштирокдорон доир ба сиёсати кишвари мо оиди ҷавонон маълумоти муфассал доданд. Қайд гардид, ки дастгирии ҷавонон яке аз самтҳои бартариноки сиёсати кишвари мо мебошад. Аз ҷумла, соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба сиёсати ҷавонон ба тасвиб расид. Дар соли 2017 Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон созмон дода шуд. Дар таърихи кишвар 30 июн бори аввал Рӯзи ҷавонон эълон карда шуд.
Ҷонишини вазири корҳои хориҷии ҶХХ Лэ Юйчен дар баромади худ нақши ҷавонони имрӯзро, ки ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи байни кишварҳои СҲШ ва Авроосиё такони ҷиддӣ мебахшанд, баланд арзёбӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки гуфтугӯйи байналхалқии ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини рушди робитаҳои ҳамкорӣ ва дӯстонаи байни давлатҳо мебошад.
Котиби генералии СҲШ Чжан Мин изҳор дошт, ки ҷавонон ояндаи минтақаи СҲШ ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи рушду тараққиёти онанд. Созмон муҳимияти ҳамкории  ҷавононро комилан дарк менамояд ва барномаҳои бештарро оиди ҷавонон  татбиқ карданист.
Дар чорабинӣ фаъолияти Ӯзбекистон доир ба дастгирии ҷавонон дар доираи сохторҳои байналхалқӣ махсус таъкид гардид. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Конвенсияи СММ доир ба ҷавонон қабул гардид. Ба ҷуз ин,  соли 2018 дар рафти саммити СҲШ дар Синдао, бино ба пешниҳоди роҳбари Ӯзбекистон, Муроҷиати якҷояи сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба ҷавонон қабул карда шуд.

АИ «Дунё»,
ПЕКИН.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: