Дар Ӯзбекистон раъйдиҳии пеш аз мӯҳлат барои интихоботи порлумонӣ оғоз шуд

Имрӯз дар Ӯзбекистон барои интихоботи вакилони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ овоздиҳии пеш аз мӯҳлат оғоз ёфт.

Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон хабар дод, ки овоздиҳии пеш аз мӯҳлат аз 16 то 23 октябри соли ҷорӣ ҳам дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳам дар намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа идома хоҳад кард.

Дар ин рӯзҳо қитъаҳо барои овоздиҳии пешакӣ дар рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00 ва рӯзҳои истироҳат аз соати 11:00 то 17:00 кор мекунанд. Дар сафоратхонаҳои хориҷии Ӯзбекистон низ участкаҳои интихоботӣ аз соати 9:00 то 18:00 ба вақти маҳаллӣ коро хоҳанд кард.

Интихоботи навбатии парлумонӣ 27 октябр баргузор мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: