Дар Ӯзбекистон штамми нави коронавируси «омикрон» ошкор шуд: чораҳои эҳтиётӣ пурзӯр карда мешаванд

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки дар кишвари мо бори аввал штамми нави “омикрон” ошкор шудааст. Он 7 январи соли равон дар як шаҳрванди хориҷӣ, ки ба кишвари мо омадааст, ошкор шудааст.

Дар ҷамъомади навбатии Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ масъалаи қатъӣ идома додани чораҳо бар зидди коронавирус   муфассал баррасӣ гардид. Ба ин муносибат чораҳои эҳтиётӣ пурзӯр карда мешаванд.

Дар маҷлиси навбатии комиссиям махсуси ҷумҳуриявӣ низ дар ин бора сухан рафт. Зимнан зикр мегардад, ки сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон афзоиш ёфта, чораҳои зидди паҳншавии ин бемориро идома додан зарур аст.

Тибқи изҳороте, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи паҳншавии штамми нави сирояти коронавирус нашр кардааст, “омикрон” аввал дар Африқо, баъдан дар Аврупо ва Осиё кашф шудааст.

Аз моҳи декабри соли 2021 дар Иёлоти Муттаҳида, Дания, Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Русия, Исроил, Нидерландия, Фаронса, Ҷопон, Ҳиндустон бо сабаби паҳн шудани штамми нави коронавируси “омикрон” ва бад шудани вазъияти эпидемиологӣ як қатор маҳдудиятҳои иловагии карантин ҷорӣ карда шуданд.

Бар асоси ин, бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ назорат аз болои пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ пурзӯр карда мешавад. Ваксинатсияи пурраи аҳолӣ ва реваксинатсия тезонда мешавад.

Роҳбарони вазорату идораҳо, сарфи назар аз шакли ташкилӣ, инчунин ба коргарони ҳамаи ташкилотҳо баъди эмгузаронӣ ба ҷойи кор иҷозат дода мешавад. Нисбат ба роҳбарони ташкилотҳое, ки ин тартибро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории муқарраршуда чораҳои қатъӣ дида мешавад.

Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин шаҳрвандонро вазифадор карданд, ки вақти бозгашт аз зиёрати Умра аз озмоиши тести коронавирус гузаранд.

Дар рӯзҳои таътил корҳо оид ба эмкунии донишҷӯёни донишгоҳҳо аз сирояти коронавирус пурзӯр карда мешаванд. Роҳбарони мактабҳои олӣ барои ин корҳо шахсан ҷавобгаранд.

Чунин тадбирҳо бо мақсади таъмини саломатии аҳолӣ дар шароити маҳдудиятҳои карантинӣ ва нигоҳ доштани суботи вазъи эпидемиологӣ дар кишвар андешида шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: