ДАР ӮЗБЕКИСТОН СОЛИ ҚАЗОҚИСТОН КУШОДА ШУД,

ки ба минбаъд амиқгардонии муносибати бародарӣ ва ҳамсоягии нек мусоидат хоҳад намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар поёни гуфтугӯҳои дараҷаи олӣ соли 2017 дар бораи соли 2018 дар Қазоқистон баргузор намудани Соли Ӯзбекистон ва соли 2019 дар Ӯзбекистон баргузор намудани Соли Қазоқистон аҳду паймон намуда буданд.
Ин рӯйдодҳо ба сифати воқеаи нодир дар таърихи ҳамкории байни мардумони мо барои минбаъд мустаҳкам гардидани муносибати бародарӣ хидмат менамоянд.
Дар Қасри анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» 15 апрел маросими тантанавии кушодани Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар анҷуман Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Қосим-Жомарт Тоқаев нутқ эрод намуданд. Роҳбарони давлатҳо таъкид намуданд, ки алоқаҳои маданиву гуманитарие, ки дар Қазоқистон дар доираи Соли Ӯзбекистон фаъол мегардад, мардумонамонро боз ҳам қаринтар  намуд. Таъкид намуданд, ки чорабиниҳое, ки бо ин иртибот доранд, дар мустаҳкамсозии ҳамкории байни ду халқ нақши муҳим дошта, барои ба ҳадафи умумӣ – шукӯҳмандсозии дӯстии анъанавӣ расидан, мусоидат менамоянд.
Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон аз муттасил рушд ёфтани муносибатҳои шарикии стратегӣ, боварии пурзӯргарданда, дастгирии ҳамдигар, ногусастании риштаҳои бародарии байни мамлакатҳоямон гувоҳӣ медиҳад. Ин рӯйдоди муҳим инчунин рамзи дӯстии абадӣ ва самимӣ, муштаракоти маданӣ ва маънавии ду халқ мебошад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев таъкид кард, ки чорабиниҳои Соли Қазоқистон алоқаҳои мадании байни халқҳои бародари моро боз ҳам мустаҳкам месозад. 
Соли Қазоқистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон кушода эълон гардид.
Тавре ки маълум аст, дар доираи Соли Ӯзбекистон, ки дар Қазоқистон хеле бошукӯҳ гузашт, бисёр вохӯриҳои маърифатӣ, ҷашнвора ва вохӯриҳои эҷодии мухталиф, чорабиниҳо дар ҷабҳаҳои иқтисодиёт, сайёҳӣ ва маданиву инсонпарварӣ ташкил гардиданд. Сафари ҳайатҳои ходимони санъати ду мамлакат ба ҳузури ҳамдигар ба амал омаданд. Сафарҳои ҳунарии Театри миллии академии драмаи Ӯзбекистон, ҷамоаҳои эҷодии вилояти Навоӣ бо таваҷҷӯҳи зиёд дар вилоятҳои Қазоқистони ҳамсоя истиқбол гардиданд.
Ҳоли ҳозир дар низоми мактабҳои олии ҳар ду мамлакат беш аз 50 муоҳида ва қарордод дар бораи ҳамкорӣ амал менамояд. Қариб дар 400 мактаби мамлакатамон забони қазоқӣ омӯхта шуда, дар муассисаҳои таълими олӣ кадрҳои педагогии забони қазоқӣ, математика ва фанҳои дигар тарбия карда мешаванд. Дар Чимкент моҳи майи соли 2018 байни Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ассамблеяи халқии Қазоқистон меморандум дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин имкон дод, ки мазмуни робитаҳои муфиди тарафайн дар бобати омӯзиши забонҳои ӯзбекӣ ва қазоқӣ дар ҳудуди ҳар ду мамлакат ғанӣ гардонда шавад.
Қарори Президенти Ӯзбекистон аз 13 марти соли 2018 «Дар бораи амиқ омӯхтан ва ташвиқи мероси эҷодии шоир ва мутафаккири бузурги қазоқ Абай Қунонбоев» қабул гардида буд. Ҳамзамон дар Қазоқистон 577-солагии таваллуди ниёи бузурги мо Алишери Навоӣ васеъ ҷашн гирифта шуд. Барои халқҳои мо, ки соҳиби адабиёт ва маданияти шабеҳ буда, аз қадим бо риштаҳои хешигарӣ пайванд мебошанд, ин рӯйдоди муҳим буд.  Дар мамлакатамон кушода шудани Маркази маданият ва адабиёти Қазоқистон боз як далели идома ёфтани ҳамкорӣ дар ин соҳа ба шумор меравад.
Дар мустаҳкамсозии риштаҳои дӯстӣ гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ӯзбекистону Қазоқистон нақши муҳим доранд. Аз он ҷумла, моҳи ноябри соли 2018 меморандум дар бораи ҳамкории байни палатаҳои поёнии порлумонҳои ду мамлакат ба имзо расида буд, ки ин аз марҳалаи нави робитаҳои байниҳамдигарии қонунгузорӣ ба шумор мерафт. Ин, дар навбати худ, дар мустаҳкамсозии пойгоҳҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, ҷамъиятиву инсонпарварӣ омили муҳим мегардад. 
Дар мамлакатамон омодагирии доманфарох ба Соли Қазоқистон дида шуд. Чорабиниҳо дар доираи он уфуқҳои навро барои вакилони санъат, илм, таълим, тиҷорати мамлакатҳоямон барои васеъ намудани робитаҳои муфиди тарафайн, табодули дониш ва дастовардҳо мекушоянд. Ҳамаи ин барои якдигарро ғанӣ намудани маданиятҳо, минбаъд қарингардии халқҳоямон мусоидат менамояд.
– Имсол васеъ қайд гардидани Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон ҳамкории маданӣ, ҷамъиятиву инсонпарварии байни минтақаҳоро ба дараҷаи нав мебардорад, – мегӯяд вазири маданият ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Аристанбек Муҳамедиулӣ. – Бисёр чорабиниҳои маданӣ, сафарҳои эҷодии устодони санъат ва ҷамоаҳои театрии ду мамлакат ташкил хоҳанд гардид.
Дар тамоми ҷаҳон теъдоди сайёҳоне, ки хоҳиши бо таърихи бойи Ӯзбекистон ва Қазоқистон, суннат ва анъанаҳои нодир, ёдгориҳои меъморӣ, ошноӣ бо дастовардҳои қадимии тамаддунро доранд, зиёд мегарданд. Бино бар ин ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ – яке аз самтҳои муҳим.
Чорабиниҳои муштарак ва лоиҳаҳое, ки дар доираи Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон бояд ба амал татбиқ гарданд, барои чунин ҳамкорӣ чун пойгоҳи боэътимод хидмат менамоянд.
Маросими кушодани Соли Қазоқистон бо барномаи калони консертӣ идома ёфт.
Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Ӯзбекистон ба поён расид.

З.ҶОНИБЕКОВ,
У.ШОНАЗАРОВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: