ДАР ӮЗБЕКИСТОН СОЛИ СИПАРИГАРДИДА 859 ШАХС БЕГУНОҲ ДОНИСТА ШУД

Моддаҳое, ки аз ҷониби мақомоти тафтиши нахустин нисбати 6 ҳазору 655 нафар беасос гузошта шуда буд, аз айбдоркунӣ соқит гардида, барои аз нав дида баромадан пешниҳод шуданд.

Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ки вазифаи ба зиммаи судҳо гузошташуда аст, имрӯз ин низом ба маънои томаш бо ҳамин мақсад кор мебарад. Дар судҳо зиёд шуда истодани ҳукмҳои  сафедкунӣ далели ин гуфта мебошад. Зеро дар гузаштаи наздик тамоми ҳукму қарорҳои судҳо ба сиёҳкунӣ нигаронида шуда буданд.
Соли сипаригардида судҳо 858 нафар шахсро бегуноҳ донистанд ва онҳо реабилитатсия карда шуданд. Соли 2016 ҳамагӣ 6 нафар сафед карда шуда буданд, солҳои пештар ин ҳолат қариб ки ба қайд гирифта нашудааст.
– Соли 2019 аз ҷониби судҳо доир ба корҳои ҷиноӣ нисбати 36 ҳазору 845 шахс 28 ҳазору 846 парванда санҷида шуд, – мегӯяд роҳбари хидмати матбуоти Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Обидов. – Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2018 доир ба шахсон 24,2 фоиз, бино ба корҳо бошад 24,4 фоиз кам шуд. Шахсони судшуда 27 ҳазору 603 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор ба 6 ҳазору 957 шахс ҷазои аз озодӣ маҳрум ва ба 19 ҳазору 278 нафар дигар намуди ҷазоҳо таъин карда шуд.
Шахсони ҳукми шартӣ гирифта 1 ҳазору 368 нафарро ташкил медиҳанд. 24 ҳазору 491 нафари судшудагон мардҳо, 3 ҳазору 112 нафарашон занҳо, 10 ҳазору 700 нафарашон ҷавонон (аз ҷумла, 497 нафарашон ноболиғон) ва 873 нафарашон шахсони синнашон аз 60 боло мебошанд. 3 ҳазору 80 шахс, ба муносибати вобастагӣ надоштан ба ҷазои аз озодӣ маҳрумкунӣ аз зали суд ва 26 ҳазору 436 шахс пеш аз адои муддати ҷазо шартан озод карда шуданд. Ҷазои беш аз 8 ҳазор нафар бо сабукаш иваз карда шуд, моддаҳое, ки аз ҷониби мақомоти тафтиши нахустин нисбати 6 ҳазору 655 нафар беасос гузошта, аз айбдоркунӣ соқит гардида, барои аз нав дида баромадан ба суд пешниҳод карда шуданд.
Тибқи кафолати созмонҳои ҷамъиятӣ амалиёти сабук кардани ҷазоҳо низ ба кор бурда мешавад. Аз ҷумла, тибқи хати кафолати Иттифоқи ҷавонон нисбати 270 шахс, Кумитаи занону духтарон нисбати 210 нафар зан ва ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо нисбати 1 ҳазору 373 нафар ҷазои новобаста ба аз озодӣ маҳрум кардан дода шуд.
Теъдоди барои баъзе намудҳои ҷиноят судшудагон, аз қабили рабудани воситаи нақлиётӣ, қасдан одам куштан, ғоратгарӣ, толону тороҷ, азхудкунӣ ё толону тороҷ бо роҳи сарфкунӣ, фиребгарӣ, дуздӣ, қасдан ба тан захми гарон ва миёна расондан, рӯ тофтан аз таъминоти моддии ноболиғон ва шахсони ба меҳнат лаёқатнадошта, савдои одам, сохтакорӣ дар мансаб, сӯиистеъмоли ваколати ҳокимият ва мансаб нисбат ба соли 2018 кам шуд.
Бар асари корбурди босамари институти оштӣ 7 ҳазору 329 шахс аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод гардид. Нисбати 3 ҳазору 187 шахсе, ки 443,9 миллиард сӯм зарари моддиро ҷуброн намудаанд, ҷазои новобаста ба аз озодӣ маҳрум кардан таъин карда шуд.
Ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ 13 ҳазору 890 парвандаи ҷиноӣ, яъне қариб 48,2 фоизи парвандаҳо дар маҷлисҳои суди сайёр ҳаллу фасл гардиданд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби ҳайати судӣ оид ба корҳои ҷиноии Суди олӣ бино ба тартиби назоратӣ нисбати 1 ҳазору 788 шахс 1 ҳазору 486  парванда шудааст. Нисбати 1 ҳазору 37 шахс қарорҳои аз ҷониби судҳои поёнӣ доиргардида бекор гардида, нисбати 581 шахс қарорҳои баровардаи судҳо тағйир дода шудаанд. Ин натиҷаи чорабиниҳои барқарор намудани адолат дар идораҳои болоии судӣ мебошад.

Норгул АБДУРАИМОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: