ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТАМОМИ ШАРОИТ МАВҶУД АСТ, ТО КИ РОҲИ ТАРАҚҚИЁТИ СИНГАПУРРО ТАКРОР КАРДА, БА КИШВАРИ БАЛАНДТЕХНОЛОГИИ ИҚТИСОДИЁТАШ ПЕШРАФТА ВА ҶАМЪИЯТАШ ИНКИШОФЁФТА ТАБДИЛ ЁБАД

Натиҷаҳои сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Сингапур дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалии коршиносӣ қарор дорад.

Натиҷаҳои сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Сингапур дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалии коршиносӣ қарор дорад.
Ноиб-президенти Палатаи савдову саноати Полша Витолд Карчевский:
– Сафари мазкур қоидаҳои асосии доктринаи сиёсати хориҷии Ӯзбекистонро тасдиқ мекунад ва муҳимтарини онҳо хусусияти бисёрвекторӣ ва ҳамкории зич бо кишварҳои минтақаи Осиё мебошад.
Сингапур худро дар вақташ ҳамчун як кишвари осиёӣ муаррифӣ кард, ки иқтисоди он ба ҷаҳон ҷаҳиши тез ва пайваста нишон дод. Имрӯз ин кишвари тараққикардаи Осиё, ки дорои иқтисоди пешрафта ва ҳаёти басо фаъоли иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст, рӯшодӣ ва омодагиашро ба мусоидат тавассути сармоя ва технологияҳои худ ба дигар кишварҳои дӯст, аз он ҷумла Ӯзбекистон намоиш медиҳад.
Боварӣ дорам, ки имрӯз дар Ӯзбекистон тамоми шароит мавҷуд аст, ки роҳи рушди Сингапурро такрор намуда, ба кишвари баландтехнологӣ табдил ёбад, ки иқтисодиёти пешрафта ва ҷомеаи хеле мутараққӣ дорад. Сабаби ин дигаргуниҳои сершумори мусбат дар идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятии мамлакат мебошад.
Як қатор ислоҳоти пешрав дар солҳои охир муваффақияти калон дорад ва натиҷаҳои он қариб дар ҳамаи соҳаҳо ба назар намоёнанд. Аммо ин танҳо оғози роҳ буда, дар пеш дар соҳаи энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ ва сохтмон дигаргуниҳои бузург интизоранд. Маҳз дар ин соҳаҳо, ки истифодаи маҳсулот ва хидматҳои технологӣ тақозо мегарданд, Сингапур метавонад кумаки фаъоли худро расонад. 
Ба ғайр аз ин ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ба мувофиқа расиданд. Дар «Соли эътибор ба инсон ва таълими хушсифат» дар Ӯзбекистон барои пешомад нақшаҳои бузург муайян шудаанд, аз он ҷумла, дар доираи таҳсил дар донишгоҳҳои сингапурӣ, ки дар кишвар фаъолият нишон медиҳанд.
Роҳбарони ду кишвар изҳор намуданд, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ дар бисёр соҳаҳо захираҳои калон мавҷуданд. Самтҳои калидӣ, бешубҳа, технолгияҳои «сабз» ва рақамикунонии соҳаҳои муҳимтарини саноат,таълим, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт ва ғайра хоҳанд буд.
Роҳбари Форуми соҳибкории Мадрид Индалго Алфаро (Испания):
– Маҷмӯи масъалаҳое, ки байни роҳбарони ду кишвар баррасӣ шуданд, саъю кӯшиши Ӯзбекистонро ба пешрафти минбаъдаи афзалиятҳои иқтисодии худ тасдиқ мекунад.
Дар навбати аввал мехостам аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев дақиқ муайян шудани самтҳои асосии ҳамкорӣ бо Сингапурро, аз он ҷумла рушди сармояи инсонӣ, ҷалби таҷрибаи Сингапур ва сармояҳо, технологияҳои пешқадами «сабз» ва рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва густариши тиҷорати дуҷонибаи мутақобила қайд намоям. 
Бешубҳа, дар шароити кунунии мураккаб афзалиятҳои Президенти Ӯзбекистон оид ба амиқсозии ҳамкории иқтисодӣ бо Сингапур дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт барои паси сар намудани даъватҳои ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ ниҳоят муҳим мебошанд.
Боварӣ дорам, ки бо назардошти мақсади аз ҷониби Ӯзбекистон гузошташуда дар соли 2030 ду баробар баланд бардоштани самарабахшии энергетикии иқтисодиёт, зиёд гардондани ҳиссаи энергияи барқароршаванда то 25 фоиз ва инкишофи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҳамкории Ӯзбекистону Сингапур дар навбати аввал ба рушди технологияи «сабз» ва васеъ ҷорӣ кардани инноватсия нигаронда мешавад.
Дар хотима мехостам илова намоям, ки мо равшан мушоҳида мекунем, ки чӣ гуна шароитҳои наве, ки дар Ӯзбекистон дар раванди ислоҳоти куллӣ фароҳам оварда шудаанд, барои диверсификатсия ва рушди босуръати робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои рӯз то рӯз бештар фароҳам меорад.
Профессори фахрии Донишкадаи иқтисодиёти тараққиёбандаи Ҷопон Манабу Симизу:
– Вазъи кунунии муносибатҳои Ӯзбекистону Сингапур, инчунин натиҷаҳои мусбати мулоқоти роҳбарони Ӯзбекистон ва Сингапур аз таваҷҷуҳи онҳо ба рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷониба, баробарҳуқуқ ва эътимодбахши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ далолат медиҳанд.
Сингапур узви Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) мебошад, ки созмони бонуфуз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ, Ӯзбекистон низ дар рушди ҳамкориҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад.
Албатта, дар баробари гузоштани вазифаҳои дар боло зикршуда ба Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда мустақилияти фаъолияти онҳо низ таъмин карда мешавад.
Ба ин муносибат мубодилаи таҷрибаи миёни Ӯзбекистон ва Сингапурро муҳим мешуморам ва худи ин сафар ҳам муҳим ва саривақтист.
Ман созишномаҳои оид ба рушди ҳамкорӣ бадастомадаро истиқбол мекунам ва мехоҳам қайд намоям, ки Сингапур модели беназир ва намунаи рушд дорад, ки онро дар шароити Ӯзбекистон татбиқ кардан мумкин аст. 
Инчунин боварӣ дорам, ки ҳамкорӣ бо Сингапур дар соҳаи хусусигардонӣ метавонад як унсури муҳими тавсеаи минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ӯзбекистон гардад.
Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон Виктор Ким:
– Динамикаи равандҳои ҷаҳонӣ дар чанд соли охир ончунон зудгузар буд, ки буҳрони ҷаҳонии ахири марбут ба пандемияи COVID-19 дар саросари ҷаҳон аллакай дар пастманзар қарор гирифта, масъалаҳои барқарорсозии рушди иқтисодӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам аҳамияти худро пайдо мекунанд. Бо назардошти ин сиёсати фаъоли хориҷии Ӯзбекистон ва густариши ҷуғрофии он комилан мантиқӣ ба назар мерасад.
Бояд гуфт, ки ҳар соли нав оғози осиёӣ дорад. Январи соли гузашта барои Ӯзбекистон бо ҳамоишҳои онлайн бо Чин ва Ҳиндустон оғоз ёфта бошад, соли ҷорӣ – бо иштироки Президент Шавкат Мирзиёев ҳамоиши онлайнии «Садои Осиёи Ҷанубӣ» таҳти раёсати Ҳиндустон ва сафари давлатӣ ба Сингапур шурӯъ гардид.
Бо дарназардошти пайдарпаӣ амалҳо дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон метавон бо итминон пешгӯӣ кард, ки ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ноил хоҳанд шуд. Чунки Сингапур кишварест, ки дар муддати кӯтоҳ ба давлати замонавии пешрафта табдил ёфтааст. ММД ба сари аҳолӣ 59,797 долларро ташкил медиҳад (2020), ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон аст. Кишвар намунаи хуби рушди давлати демократии одилона бо пасттарин сатҳи фасод дар ҷаҳон ва сатҳи баланди омодасозии кадрҳои касбии роҳбарикунанда мебошад.
Ҳамкориҳо байни Ӯзбекистон ва Сингапур аллакай дар соҳаи маориф захираи муайян дорад. Гардиши мол дар солҳои охир қариб ду баробар афзуда, сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти Ӯзбекистон 700 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин рӯ, сарвари Ӯзбекистон самтҳои асосии густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро муайян кард. Инҳо омода кардани кадрҳои баландихтисос барои идоракунии давлатӣ, ҷалби ҷониби сингапурӣ ба равандҳои хусусигардонии Ӯзбекистон, ҷалби технологияҳои пешрафтаи «сабз» ва ҳалли рақамӣ, беҳбуди инфрасохтори шаҳрҳо ва коммуникатсияҳо, дастрасии сармоягузорӣ ва вусъат додани савдои байниҳамдигарӣ мебошанд.
Мутобиқати сиёсати хориҷии Ӯзбекистон натанҳо барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, балки пеш аз ҳама, ба бунёди Ӯзбекистони Нави замонавӣ дар баробари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нигаронда шудааст.
Корманди илмии Донишкадаи Русия, Осиёи Шарқӣ, Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Су Чан:
 – Ташрифҳо дар сатҳи олӣ ҳамеша ба рушди ҳамкориҳо дар ҳама самт мусоидат намуда, такони нав мебахшанд. Натиҷаҳои сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Сингапур бешубҳа ба густариши ҳамкории байни Ӯзбекистон, кишвари калидии Осиёи Марказӣ ва Сингапур – хаби пурзӯртарини логистикӣ дар Осиё, ки ба воситаи он ҷараёни молиявӣ ва молӣ мегузаранд, мусоидат хоҳанд кард.
Сингапур ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва пешвои технологияҳои пешрафта метавонад ба модернизатсияи саноати Ӯзбекистон, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои таълим, нақлиёт, тандурустӣ, дар соҳаи тайёркунии кадрҳо, аз он ҷумла хидматчиёни давлатӣ мусоидат намояд.
Сафари мазкур инчунин сиёсати бисёрҷонибаи хориҷии Ӯзбекистон ва таваҷҷуҳи онро ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон тасдиқ мекунад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: