ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТЕХНОЛОГИЯИ ЭНЕРГЕТИКАИ «САБЗ» ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Дар чаҳорчӯбаи иштироки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи 2-юми байналхалқии молҳои воридотӣ «China International Import Expo» аз ҷониби Вазорати савдои сармояҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иттиҳодияи холдингии Чин «Liaoning Leader Investment Holding Group» бинобар татбиқсозии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи сабз муоҳида баста шуд.

Лоиҳаҳое, ки дар вилоятҳои Бухоро, Самарқанд ва Навоӣ татбиқ мешаванд, дар давраи аввал гузоштани дастгоҳи энергетикаи бодии иқтидори умумиашон 600 МВт-ро пешбинӣ менамоянд. Бо маблағтаъминкунии лоиҳаҳо аз ҳисоби сармояҳои бевосита дар ҳаҷми 720 миллион доллар пешбинӣ мегардад. 
Ба сифати лоиҳаи аввалин ширкати чинӣ се манори анемометриро дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро барои муайян кардани самтҳои бод устувор намуд, ки бинобар натиҷаи онҳо ҷиҳатҳои техникии дастгоҳҳои минбаъдаи энергетикаи бодӣ муайян карда мешаванд.
Ҷонибҳо муҳокимаи параметрҳои нарх ва дигар ҷиҳатҳои молиявиву иқтисодии муоҳидаҳоро дар бораи хариди энергияи электр мувофиқи мақсад донистанд. 
Бо ширкати «Liaoning Leaber Investment Holding Group» бобати истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар бозсозии воситаҳои вобастакунӣ ба низомҳои энергетикӣ ва хатҳои нақли электр дар Ӯзбекистон шартнома баста шуд.
Давраҳои минбаъдаи лоиҳаҳо бо ҷониби Ӯзбекистон дар асоси нақшаи истифодаи энергияи электр ва шартҳои мутобиқсозии иқтидор дар ҳар як минтақаи дахлдор мувофиқат кунонда мешаванд.

АА «Дунё», шаҳри ПЕКИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: