Дар Ӯзэкспомарказ намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон идома дорад

Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо ташкил шуда буд, кори худро давом медиҳад.

Вай бо мақсади аз наздик шинос кардани доираҳои корчаллони Ӯзбекистон бо имкониятҳои иқтисодӣ ва содиротии мамлакати ҳамсоя, тарғибу ташвиқи мероси ғановатманди фарҳангӣ, иқтидори сайёҳии халқҳои мо ташкил гардидааст. Дар он комёбиҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, филизот, энергетика, дорусозӣ, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, саноатҳои сабук, мебел, ҷавоҳирот, сайёҳӣ пешниҳод шудаанд.
Ба шарофати ташаббуси сарони ду давлат баргузор кардани анҷуман ва намоишгоҳҳое, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими минбаъдаи шарикии байни доираҳои корчаллони кишварҳои мо мусоидат мекунанд, ба анъана табдил ёфтанд. Ба сифати мисол метавон Намоишгоҳи миллии маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ӯзбекистонро зикр кард, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, ҳамчунин метавон аз Намоишгоҳ-бозори миллии маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябр дар Тошканд ба вуқӯъ омад, ном бурд.
Сафари давлатии Президенти мамлакати мо ба Тоҷикистон, ки соли равон ба вуқӯъ пайваст, барои ба сатҳи нав бардоштани ҳамкориҳои байни минтақаҳои кишварҳои мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ имконият фароҳам овард. Намоишгоҳ-бозори истеҳсолгарони маҳсулоти вилояти Хатлон, ки дар Тирмиз ташкил шуд, тасдиқи таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ гардид.
Дар намоишгоҳи кунунӣ, ки таҳти шиори «Сохти Тоҷикистон» баргузор мегардад, беш аз 60 корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла ширкатҳои «Талко» ва «Ғаюр», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Моҳир симон», ширкати бисёрҷанбаи «Фароз», корхонаи муттаҳиди давлатии ангишт», «Намаки Ашт ва Хӯҷамуъмин», «Амирӣ», «Мақоли», «Оби зулол» иштирок доранд.
– Корхонаи мо, ки як қатор соҳаҳо, аз ҷумла саноатҳои кӯҳӣ, филизотӣ, кимиёиро муттаҳид намудааст, бо Ӯзбекистон ҳамкории самарабахш дорад, – мегӯяд директори «Ноқили Талко» Шоҳиёни Юсуф. – Мо аз кишвари шумо қӯрғошин, мис, содаи калсийкунонидашуда, маводи сохтмон харид мекунем ва дар навбати худ барои саноати Ӯзбекистон арзиз, ангиштсанг, флюорит содир  менамоем. Алҳол «Талко» ҷуғрофияи содиротии худро вусъат медиҳад. Дар ин бобат муносибатҳои торафт рӯзафзун бо Ӯзбекистон нақши муҳим мебозанд. Дар намоишгоҳ бо корхонаи «Андиҷонкабел» оид ба воридот ва содироти ноқилҳои мисин ва арзизӣ ба муоҳидаи муфиди тарафайн имзо гузоштем.
Дар девораи маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои истеъмолии халқ зиёда аз 50 корхонаҳои Тоҷикистон, ки маҳсулоти воридотиву содиротӣ истеҳсол мекунанд, молҳои худро ба намоиш гузоштаанд. Беш аз 200 навъи маҳсулот, ки ширкатҳои «Шири Душанбе», «Pokiza», «Субҳи Ватан», «Ширин премиум» пешниҳод кардаанд, бо сифати баланди худ ба бинандагони намоишгоҳ маъқул шуданд.
– Корхонаи мо бо коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ  ва фурӯши он ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ машғул мебошад, – мегӯяд корманди масъули комбинати «Шири Душанбе» Назармо Назарбекова. – Маҳсулоти мо табиӣ ва барои саломатӣ муфид аст. Ин метавонад ба бозори Ӯзбекистон, ки талаб ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза зиёд мебошад, роҳ кушояд. Диверсификатсияи истеҳсолот дар шароитҳои иқтисоди бозаргонӣ, вусъат додани фаъолият аз ҳисоби соҳаҳои нав шарти муҳими пешрафт мебошанд. Дар мамлакати шумо ба роҳ мондани меъёри «Ҳалол» барои мо самти нав аст. Мо мехоҳем ин таҷрибаи Ӯзбекистонро омӯзем ва азхуд кунем.
Раванди «Осиёи Марказӣ – афзалияти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон», ки бо ташаббуси Президенти мамлакати мо татбиқ мегардад, дар минтақа давраи нави ҳамкорӣ ва пешрафтро оғоз намуд. Лоиҳаҳои муштараке, ки дар соҳаи сайёҳӣ татбиқ мешаванд, имкон медиҳанд саҳми хидматҳои сайёҳӣ дар ҳаҷми табодули моли байни кишварҳои мо хеле зиёд гардад.
– Соли гузашта беш аз 500 ҳазор сайёҳон аз Тоҷикистон боздид ба амал оварданд, дар давраи сипаришудаи соли равон ин нишондиҳанда аз 700 ҳазор нафар гузашт, – мегӯяд раиси Созмони иттиҳодияи ҳамкории барои рушди сайёҳии Тоҷикистон Фаттоҳ Файзуллоев. – Дар кишвари мо соли 2018-ум Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои халқӣ эълон шуд. Муттаҳид кардани имкониятҳои мо ба минбаъд афзудани иқтидорҳои сайёҳӣ хидмат хоҳанд кард.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 10 ширкат ва фирмаҳои сайёҳии Тоҷикистон иштирок мекунанд. Онҳо хидматҳои худро дар соҳаҳои транзит, нақлиёт, хоҷагии меҳмонхонавӣ ва хидматрасонӣ намоиш медиҳанд.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар саноатҳои кимиё, сабук, хоҷагии қишлоқ ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Улуғбек Шоназаров,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: