ДАР ВАРШАВА ШУМОРАИ МАХСУСИ МАҶАЛЛА БО ЗАБОНИ ПОЛЯКӢ НАШР ШУД

Нашриёти «REA» ва консерни табъи нашри «Drukamia Skleniarz» бо забони ӯзбекӣ маҷаллаи тасвирии «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар солҳои 2022-2026»-ро нашр кард.

Дар нашрия моҳият ва аҳамияти ҳафт самти дар стратегияи нав инъикосёфта кушода дода шудааст.
Дар муқаддимаи маҷалла таъкид меёбад, ки дар натиҷаи ислоҳоти панҷ соли охир дар кишвар заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию маърифатӣ барои бунёди Ӯзбекистони Нав ба вуҷуд оварда шуданд.
Дар мавод зикр карда мешавад, ки самтҳои муҳимтарини рушди иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятноки Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав кам кардани сарбории андоз, навсозӣ, сармоягузорӣ, истеҳсолоти саноатӣ, созмон додани стратегияи нави нақлиётӣ барои кишвар, марҳилаи нави дигаргунсозӣ ва навсозии соҳаи Ӯзбекистон, сектори аграрӣ ва ғайра мебошанд.
Дар бахши «30 соли ҳамкории Ӯзбекистон ва Полша», ки ба санаи ҷашн бахшида шудааст, вазъият ва дурнамои шарикии дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва инсонпарварӣ тавсиф карда мешавад.

АИ «Дунё»,
ш.ВАРШАВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: