Асад Гулзодаи БУХОРОӢ
Хушо, ки мо забон дорем,
Зи таърихаш нишон дорем.
Зи насли Оли Сомонем,
Сарафрозӣ аз он дорем.
Мақоми давлатӣ бар мост,
Фараҳмандӣ аз он дорем.
Ҳазорон қарнро доро
Забоне пуртавон дорем.
Зи шаҳдаш комҳо ширин,
Забон не, як ҷаҳон дорем.
Ба ҳифзаш ҷон фидо созем,
Ба тан то, ки равон дорем.