Зан ҳама чизро мебахшад, вале фаромӯш намекунад.
***
Занро дуруст интихоб кун, зеро тамоми хушбахтӣ ва бадбахтиат ба ӯ вобаста аст.
***
Ғами занон ба мисли шамоли тобистон аст, бошиддат ва кӯтоҳ.
***
Шарм зебо аст ва дар занҳо зеботар.
***
Зане, ки мӯдро тарк намекунад, занест, ки ба худаш ошиқ аст.
***
Беҳтарин зан он аст, ки ба шавҳараш муҳаббат изҳор мекунад.
***
Зане ҳаст, ки хона месозад, зане ҳаст, ки хона месӯзад.
***
Зани солеҳа бош, то барои шавҳарат неъмати ҷаннат бошӣ.
***
Зани солеҳа барои шавҳараш неъмати ҷаннат аст, зани бад – азоби ҷаҳаннам.
Таҳияи Б. САОДАТ.
ДУХТАР БАРОБАР АСТ БА КУЛЛИ ДУНЁ
Шахсе вафот кард ва баъди ҷанозааш як нафар гуфт:
– Ин шахс аз ман фалон қадар қарз аст, то қарзи маро пардохт накунед, намегузорам ҷанозаашро бардоред.
Писаронаш баҳонаеро пеш оварда гуфтанд:
– Мо аз ин хабар надорем. Падарамон дар ин бора чизе нагуфта буд...
Аммо духтараш рафт ва чӣ қадар зару зевари тиллоие, ки дошт, оварду гуфт:
– Амак, ҳоло шумо инро гиред, бақияашро низ пардохт мекунам, намехоҳам ҷасади падарам ба хотири қарзаш дар ин дунёву он дунё азоб кашад.
Вале он мард посух дод:
– Ман аз падари шумо қарздор будам, танҳо мехостам бифаҳмам, ки мероси падаратон ҳаққи кист?
Агар доштани писар баробар ба ними дунё бошад, пас доштани духтар баробар аст ба кулли дунё.
Таҳияи Фариштаи ҒОИБНАЗАР.