Дар Амрико анъанаҳои рақси миллии ӯзбекро меомӯзанд
Тавре ки хабар дода шуд, аз ҷониби сафорати Ӯзбекистон дар ИМА бахшида ба омӯзиши ҳунари рақси ӯзбек семинари серӯза баргузор гардид. Дар он аз 10 штати ИМА қариб 20 нафар шунавандае, ки ба таърих, фарҳанг, анъанаҳои бисёрасринаи халқи ӯзбек ҳусни таваҷҷӯҳ доранд, иштирок намуданд.
Барои намоиши маҳорат дар ин намуди ҳунари мусиқӣ ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Қизлархон Дӯстмуҳаммедова махсус ба Вашингтон омад. Вай бо хореографҳои амрикоӣ доир ба нозукиҳо ва махсусияти ин намуди санъати анъанавии рақсӣ табодули афкор намуд.
Ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Дунё» қайд намуд, ки бори аввал ба ИМА соли 1979 барои иштирок дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни солгарди муносибатҳои дӯстонаи бародаршаҳрон – Тошканд ва Сиэтл омадааст.
– Он вақт ман бо ходими ба назар намоёни фарҳанги ИМА Лаурел Грей, ки ба рақси «Муноҷот» дил бохта, ба омӯхтани фолклори рақсии Ӯзбекистон шурӯъ карда буд, ошно шуда будам, – мегӯяд раққоса. – Аз он вақт инҷониб мо бо ӯ лоиҳаҳои якҷояро доир ба пешрафти рақси миллии ӯзбек дар Амрико созмон медиҳем.
Дар ИМА ансамблҳои «Тановар» ва «Роҳи абрешим» ташкил дода шуданд. Онҳо ба анъанаҳои рақси классикии ӯзбек таваҷҷӯҳи зиёд доранд.
– Дар замони ҷаҳонишавӣ бисёр чизҳо якранг мешаванд, фарқияташонро гум мекунанд, ба ҳам омезиш меёбанд, – гуфт дар идомаи суханаш Қ. Дӯстмуҳаммедова.
– Биноан, одамон ба дунболи ашёи нодиру махсус мегарданд, ба омӯхтани «санъатҳои нафис» эҳтиёҷ зиёд мегардад. Бешубҳа, рақси ӯзбек бо ҷозибаи шарқонаи худ фарқ мекунад, он дар худ анъанаҳои қадимиро маҳфуз доштааст. Амрикоиҳоро ба рақси мо ҳамон ҳассосият ва самимияте, ки ҳар як зани ӯзбекро хос аст, ҷалб менамояд.
Дар ИМА санъати рақси ӯзбек оммавӣ мегардад. Моҳиятан, ин намунаи равшани дипломатияи халқӣ маҳсуб меёбад.
Иштирокдори дигари тренингҳо, актрисаи ҳолливуд Гвенвифар Рейген Ҷеймс таассуроташро доир ба дарси маҳорати рақси ӯзбек, ки дар ИМА баргузор шуд, ба ҳам дид:
– Медонам, ки Қизлархон Дӯстмуҳаммедова дар маданияти рақс ганҷи миллӣ маҳсуб меёбад. Ӯ ҳунарпешаи дӯст-доштаи ман – «маликаи дили ман» низ мебошад. Дар иҷрои ӯ рақсҳои зебои ӯзбекиро дида, ба рақсҳои Ӯзбекистон дил бохтам. Онҳо аз ҳар он чи ки дар тӯли умр дидаам, нафису зеботар буданд. Хеле мамнунам, ки дар барномаи мазкур иштирок менамоям, – гуфт ӯ.
– Элементҳои ороиши миллӣ, ашёи ҳунар, либосҳои миллӣ, сӯзании деворӣ, ҳама дар пойтахти Амрико муҳити Ӯзбекистони ҳақиқиро ба вуҷуд оварда буданд, – қайд намуд роҳбари бадеии ширкати рақсии Silk Road Dance, иҷрогар ва хореограф, олими машҳур Лорел Грей, ки умри худро ба омӯхтани рақс ва маданияти кишварҳои Роҳи абрешим бахшидааст.– Вақте шумо рақс карданро меомӯзед, барои худ маданияти нав, тарзи ҳаёт ва анъанаҳои ин ё он кишварро кашф менамоед. Барои аҳли ҷомеаи ҷаҳон, хусусан олами ғарб, рақсҳои ӯзбекӣ нав ва басе ҷолибанд. Мо мебинем, аз гӯшаҳои гуногуни ИМА духтароне, ки санъати рақси Ӯзбекистонро бо рағбати зиёд аз худ намудаанд, ҷамъ меоянд.
Дар доираи шоми санъати рақси ӯзбек консерт баргузор шуд, ки дар он иҷрогарони амрикоӣ маҳорати худро намоиш доданд. Онҳо рақсҳои классикии ӯзбекро, мисли «Муноҷот», «Мустаҳзод», «Дилхироҷ», «Ушшоқи Самарқанд», «Дарёи лабрез»... иҷро карданд.
ОИ «Дунё».
ВАШИНГТОН.