ДАР ВЕНА БО ЮНИДО ЛОИҲАИ МОДЕРНИЗАТСИЯИ САНОАТИ АБРЕШИМИ ӮЗБЕКИСТОН БА ИМЗО РАСИД

Буҷаи лоиҳаи сесола тақрибан 2,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) Герд Мюллер ва намояндаи доимии Ӯзбекистон дар назди ЮНИДО, сафир Абат Файзуллоев дар Вена лоиҳаи наверо бо номи «Модернизатсияи саноати абрешими Ӯзбекистон» имзо карданд.
Мақсади  лоиҳа «дастгирии саъю талошҳои ҳукумати Ӯзбекистон барои суръат бахшидан ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ тавассути модернизатсияи инноватсионии саноати абрешим» мебошад. Дар он махсусан ба рушди устувори ҷамоатҳои маҳаллӣ ва таҳкими корхонаҳои хурду миёна дар давраи барқарорсозии пасазбӯҳронӣ аз COVID-19 таваҷҷуҳи алоҳида дода мешавад.
Лоиҳа барои се сол бо буҷаи 2,48 миллион доллар пешбинӣ шудааст.
Дар доираи таҳияи лоиҳаи мазкур солҳои охир бо мутахассисони Ассотсиатсияи «Ӯзбекипаксаноат» машваратҳо гузаронида шуда, бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони кишвари донор намояндагии ЮНИДО дар Ӯзбекистон ташкил карда шуд.
Дар консепсияи лоиҳаи аз ҷониби ЮНИДО омодашуда қайд карда мешавад, ки дар солҳои охир дар бахши абрешими Ӯзбекистон ислоҳоти сохторӣ сурат гирифта, сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, технологияҳои истеҳсолот такмил дода шуда, худи истеҳсолот васеъ гардидааст. Маҷмӯи барномаҳои давлатии рушд ва тадбирҳои дастгирӣ, ки ба рушди соҳаи абрешим, васеъ намудани номгӯи маҳсулот ва дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти содиротии корхонаҳо нигаронида шудаанд, амалӣ гардиданд. Ҳамаи инҳо барои бомуваффақият ба амал баровардани лоиҳаи боз ҳам такмил додани саноати абрешимии Ӯзбекистон шароит фароҳам оварданд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа ташаккули кластерҳо ва шабакаҳо дар заминаи корхонаҳои таҷрибавӣ дар соҳаи абрешим пешбинӣ шудааст. Ин корхонаҳо бо мақсади тавсеа ва диверсификатсияи истеҳсолот бо истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда, ки ба стандартҳои байналмилалии сифат ҷавобгӯ мебошанд, таҷдид карда мешаванд. Усулҳои устувории дарозмуддати тиҷорат дар асоси маркетинг, бренди чатрӣ ва рақамисозӣ, стратегияҳои барқарорсозии пас аз бӯҳрон низ ҷорӣ карда мешаванд. Ин, бешубҳа, дастрасиро ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ осон мекунад.
Яке аз натиҷаҳои татбиқи лоиҳа афзоиши шумораи ҷойҳои кории истеҳсолӣ барои занону мардон дар бахши кишоварзии Ӯзбекистон мебошад.

АИ «Дунё».
Шаҳри ВЕНА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: