Дар вилояти Бухоро Нерӯгоҳи барқии гармидиҳии иқтидораш 270 МВт ба истифода дода шуд

31 декабри соли 2021 аввалин блоки нерӯгоҳи барқии гармидиҳии газупоршнии иқтидораш 270 МВт ба истифода дода шуд, ки аз ҷониби ширкати туркии “Aksa Enerji” ба кор андохта шуд.

Ҳоло кори ба системаи ягонаи энергетикии Ӯзбекистон пайваст кардани нерӯгоҳ давом дорад. Дар давоми ду-се рӯз анҷом додани кори ба сети ягонаи электрикӣ гузарондан пешбинӣ шудааст.

Ин нерӯгоҳ, ки дар вилояти Бухоро аввалин аст, барои тавлиди 2,2 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ​​дар як сол пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа аз ҳисоби таҷҳизоти сарфакоронаи энергия соле 260 миллион метри мукааб гази табииро сарфа мекунад. Гази табиии сарфашуда имкон медиҳад, ки ба таври илова 900 миллион киловатт-соат қувваи электр истеҳсол карда, 450 ҳазор хона (бо ёрии ҳамин 900 миллион киловатт-соат қувваи электр) таъмин карда шавад.

Дар раванди сохтмон 500 нафар коргарон ширкат варзиданд, ки ба кор андохтани нерӯгоҳ дар вилоят ҳудуди сад ҷойи кори нав фароҳам меорад.

Лоиҳаи мазкури сармоягузорӣ бинобар натиҷаҳои шарикии давлатию хусусӣ мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 марти соли 2021 № ҚП-5018 татбиқ гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетика.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: