Ба маблағи 716 миллиону 429 ҳазор сӯм қуввваи барқи ба ҳисоб гирифтанашуда аз тарафи ташкилоти қувваи барқ аз нав ҳисоб карда шуд.
Зимни чорабинии назоратӣ, ки аз ҷониби «Ӯзенергоинспекция»-и Вазорати энергетика дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони муассисаи таъмини барқ дар ноҳияи Қӯштеппа гузаронида шуд, маълум гардид, ки схемаҳои пайвасткунаки ҳисобкунакҳои барқ дар яхдон, ки барои нигоҳ доштани меваю сабзавоти ба шаҳрванд Х.Т. таллуқ дорад, саҳв доштааст.
Оид ба ин ҳолат мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ корхонаи таъминоти қувваи барқ ба маблағи 716 миллиону 429 ҳазор сӯм қувваи электри ба ҳисоб гирифтанашударо аз нав ҳисоб кард.
Барои бо тартиби муқарраргардида андешидани чора нисбати истеъмолкунандаи қонуншикан ҳуҷҷатҳои дахлдор тартиб дода, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуданд.