ДАР ВИЛОЯТИ НАМАНГОН 17 ШӮЪБАИ МАРКАЗИ ХИДМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ КУШОДА ШУД

Дар ноҳияҳои Косонсой ва Чусти вилояти Намангон филиалҳои маркази хидматрасонии давлатӣ ба кор оғоз намуданд.

Дар ноҳияҳои Косонсой ва Чусти вилояти Намангон филиалҳои маркази хидматрасонии давлатӣ ба кор оғоз намуданд.
Пештар сокинони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чиндовул»-и ноҳияи Косонсойро лозим меомад, ки барои ба маркази ноҳия рафтан ва дастрас кардани ин ё он хидмати давлатӣ роҳи 12 километраро тай намоянд. Ба мақсади аз байн бардоштани чунин душвориҳо ва барои аҳолӣ фароҳам овардани шароити мусоид дар маҳалла бахши Маркази хидматрасонии давлатӣ ба кор сар кард.
Минбаъд аз хидматҳои давлатӣ метавонанд нафақат аҳолии маҳаллаи «Чиндовул», балки боз тақрибан 50 ҳазор сокинони маҳаллаҳои Учқӯрғон, Узунқишлоқ, Ифтихор, Сойбӯйи, Гузар, Боғ ва шаш маҳаллаи дигар истифода бубаранд.
Дар байни маркази ноҳия ва деҳаи Каркидони ноҳияи Чуст масофаи зиёдест. Сокинони деҳа асосан бо чорвопарварӣ ва заминдорӣ машғул мешаванд, бинобар ин онҳо барои ба маркази хидматрасонии давлатӣ рафтан фурсат надоранд. Кушодашавии филиали он барои сокинони деҳа хурсандии бузург гардид. Акнун филиал нафақат ба аҳолии деҳаи мазкур, балки ба сокинони маҳаллаҳои наздиктарин ҳам хидмат мерасонад.
Умуман ҳоли ҳозир дар ҳудудҳои дурдасти вилояти Намангон 17 бахши марказҳои хидматрасонии давлатӣ амал мекунанд.

Оқилхон ДАДАБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: