Дар вилояти Сурхондарё лоиҳаи беҳтар намудани низоми таъминоти об татбиқ мегардад

Дар вилояти Сурхондарё лоиҳаи беҳтар гардондани обтаъминкунӣ бо иштироки ширкати фаронсавии Suez амалӣ мегардад.

Вазорати сармояҳо, саноат ва савдои Ўзбекистон, ҶС “Ўзсувтаминот” ва ширкати Suez оиди татбиқи лоиҳа ба созишнома имзо карданд. Маблағи умумии лоиҳа 500 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳуҷҷат дар чаҳорчӯби рӯзи 2-юми ҷаласаи 32-юми солонаи Шӯрои идоракунандагони БАТР дар Самарқанд ба имзо расид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: