ДАР ВИЛОЯТИ ТОШКАНД МАҶМӮАИ ЗАМОНАВИИ БИОТЕХНОЛОГӢ СОХТА МЕШАВАД

Дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Федератсияи Русия маросими ба имзо расондани Муоҳидаи ҳамкорӣ дар соҳаи био ва фармтехнологияи байни ҶММ «Inter Vet» (Ӯзбекистон) ва ҶС «Агровет» (Русия) ба амал омад.

Ҳуҷҷат дар ҳудуди вилояти Тошканд бунёд намудани маҷмӯи биотехнологиро дар шакли корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли доруҳои ветеринарии биологӣ ва дорусозӣ пешбинӣ менамояд. Арзиши лоиҳа 10 миллион долларро ташкил медиҳад.
Мувофиқи қарордодҳои ба дастомада ҷониби Русия асоси техникиву иқтисодии лоиҳа, қарори лоиҳасозии маҷмӯъро таҳия намуда, ҳуҷҷатҳои технологиву меъёриро тақдим месозад. Ба ғайр аз ин, кормандони корхона дар пойгоҳи ҶС «Агровет» кор меомӯзанд.
То охири сол ба қайд гирифтани корхонаи муштарак, то моҳи марти соли 2020-ум бошад, тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳа ва гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурии рухсатдиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Хотирнишон менамоем, ки  ҶС «Агровет», ки соли 1991 ташкил шудааст, яке аз корхонаҳои бонуфузи илмиву истеҳсолии Русия дар соҳаи биотехнологияи ветеринарӣ ба шумор меравад. Ширкат ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон дорувории замонавӣ ва баландсифат расонда медиҳад. 

АА «Дунё»,
МАСКАВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: