ДАР ҲАМБАСТАГӢ БА КОМЁБИҲО НОИЛ ХОҲЕМ ШУД

Ояндаи бузургамонро бо мардуми мард ва олиҷанобамон бунёд хоҳем кард. Ш. МИРЗИЁЕВ

4 июни соли ҷорӣ Фармони Президенти кишвар «Дар бораи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ гардидани  шаҳр ва шаҳракҳои Ангрен, Бекобод, Олмалиқ, Чирчиқ, Ширин, Зарафшон ва Шарғун» интишор шуд. Ин фармон маънои онро дорад, ки дар ояндаи наздик Шарғун низ дар қатори дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ  дорои имкониятҳои васеъ ва шароитҳои мусоид мегардад.
Алҳол дар шаҳри Шарғун бунёдкориҳо идома ёфта, қиёфа ва намуди он рангу ҷилои тоза касб мекунад.
Воқеан бунёдкориҳое, ки ҳоло аз тариқи ҳашар амалӣ мешаванд, касеро бетараф намегузоранд. Навгониву дигаргуниҳо дар ҳама соҳаҳо ба назар мерасанд. 
Шарғун ҳамчун шаҳри саноатӣ солҳои 50-уми қарни гузашта бунёд ёфт. Замоне пас аз он, ки кони ангишт кушода шуд, коргарону роҳбарони зиёде аз кишварҳои гуногун ба ин ҷо сафарбар гардиданд. Баҳри зисту зиндагонии онҳо шароит ҳам муҳайё буд. Аммо аз миён муддате паси сар шуду тараққиёт дар ин ҷо гӯё ба чашм намерасид ва он ба як гӯшаи аз эътибор дур табдил ёфт.
Бо ташаббус ва сарварии Президенти кишвар баҳри аз нав обод гардонидан ва ба як шаҳри саноатӣ табдил додани Шарғун иқдом гузошта шуд. Бояд гуфт, ки дар навбати аввал муаммои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани шаҳр ҳаллу фасл гардид. Бар замми ин таъмиру тармим намудани биноҳои истиқоматӣ, мактаб ва боғчаҳо ва шифохона ба роҳ монда шуд. Бинобарин, шифохонаи шаҳрак дорои шароитҳои беҳтарин ва бо асбобу ускунаҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуд. Ҳашарчиёне, ки аз ноҳияҳои гуногуни вилоят барои кӯмак омадаанд, бо як ҷӯшу хурӯш ба кор шурӯъ намуданд. Дар як муддати на он қадар тӯлонӣ хонаҳои серошёна намуди ба худ хосро гирифтанд. Баъдан, корҳои васеъ ва таъмир намудани роҳ, тозаву ба тартиб овардани атрофи хонаҳои истиқоматӣ, ба гулу гулзор табдил додани онҳо низ хуб ба роҳ монда шуданд, ки имрӯзҳо бо суръати баланд ҷараён доранд ва касро ба ҳайрат меафкананд.
Дар ҳамин ҳошия қайд кардан бамаврид аст, ки мардуми мо аз қадимулайём расму оинҳои хуб  доранд. Яке аз чунин амалҳо бо ҳашар корҳои некро ба анҷом расонидан мебошад. Ин анъана  имрӯз низ идома дорад. Мардум, сарфи назар аз он ки ба ташвишҳои зиндагии худ андармонанд, чун овозаи ҳашарро фаҳманд, аз баҳри ҳама кору ташвишҳояшон гузашта, аз пайи ин кори хайру пурсавоб мешитобанд. Бешубҳа, вақте ҳама чун як мушт муттаҳид гардида ба коре даст зананд,  натиҷаи дилхоҳ ба даст меояд. Инро таҷрибаи зиндагӣ борҳо исбот кардааст. Алҳол ин амали нек  дар шаҳраки Шарғун низ васеъ ба чашм мерасад. Мардуми зиёде ҷамъ омада, баҳри ободии он ҷидду ҷаҳд мекунанд. Маҳсули ранҷашон назаррасу лоиқи таҳсину офарин мебошад. Дар баробари ин ба ҳашарчиён шароити хуб фароҳам оварда шудааст, онҳо бо хӯроки гарм таъмин гардидаанд. 

Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
шаҳри Шарғуни вилояти Сурхондарё

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: