Дар ҳамоиши Самарқанд рӯзномаи иқлимии СҲШ баррасӣ мегардад

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд лоиҳаи Изҳорот оид ба вокуниш ба тағирёбии иқлим баррасӣ ва мувофиқа карда шуд.

- Дар доираи СҲШ бори аввал изҳорот оид ба ин мавзӯъ қабул мешавад. Ин аз хоҳиш ва омодагии Созмон бобати иштирокчии фаъоли ташаккул ва татбиқи масъалаҳои минтақавӣ ва глобалии иқлим шудан шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла, дар санад равишҳои умумии кишварҳои узви СҲШ ба масъалаҳои татбиқи босамари қоидаҳои механизмҳои асосии ҳуқуқии байналмиллалӣ дар ин самт – Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим ва Созишномаи Париж инъикос ёфтааст, - гуфт намояндаи расмии ВКХ Ҷумҳурии  Ўзбекистон Юсуф Қобулжонов.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: