Саттор ШЕРМАТОВ
Суҳбате ороӣ гар ту,
Бо Навоие чу доно.
Сандуқи холии зеҳнат,
Пур шавад аз ганҷи маъно.
Дар ҳама абёти шоир,
Маъние бинҳуфта воло:
«Дар раҳи ҳақ ҳар кӣ ҳарфе
бар ту омӯзад ба ранҷ,
Ҳаққи ӯ натвон адо кардан
ба сад динору ганҷ».
Мурғи болаш муқтадирро,
Бас баланд аст авҷи парвоз.
Ҳар кӣ аз устод бигзашт,
Низ гардад зӯру мумтоз.
Роҳро устод аввал,
Баҳри шогирдаш кунад боз:
«Дар раҳи ҳақ ҳар кӣ ҳарфе
бар ту омӯзад ба ранҷ,
Ҳаққи ӯ натвон адо кардан
ба сад динору ганҷ».
Ҳар кӣ бе устод бошад,
Мешавад ворид ба ҳар роҳ.
Ҳар кӣ дорад устоде,
Ӯст як инсони огоҳ.
Бас чунин фармуда он ки
Буда дар мулки сухан шоҳ:
«Дар раҳи ҳақ ҳар кӣ ҳарфе
бар ту омӯзад ба ранҷ,
Ҳаққи ӯ натвон адо кардан
ба сад динору ганҷ».
Ибтидои одамиву
Некиҳо бошад муаллим.
Дар раҳи рушду камолот,
Раҳнамо бошад муаллим.
Маърифат, ҳам илму фанро
Ҷонфидо бошад муаллим:
«Дар раҳи ҳақ ҳар кӣ ҳарфе
бар ту омӯзад ба ранҷ,
Ҳаққи ӯ натвон адо кардан
ба сад динору ганҷ».
Ҳарф омӯзад ба шогирд,
Донишаш афзун намояд.
Дар китоби зиндагияш,
Сафҳаи навро кушояд.
Ҳикмати ҳазрат Навоӣ,
З-ин сабаб моро хуш ояд:
«Дар раҳи ҳақ ҳар кӣ ҳарфе
бар ту омӯзад ба ранҷ,
Ҳаққи ӯ натвон адо кардан
ба сад динору ганҷ».
Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи
А. СУБҲОН.