(Ба муносибати 65-солагии Ҳоҷибой Тоҷибоев)
(Ба муносибати 65-солагии Ҳоҷибой Тоҷибоев)
Баробар бо овозхонҳо, устодони саҳна ва санъати рақс ширинкорон низ бо ҳунар ва истеъдоди комил эътибори умумро ба худ мекашанд, олам-олам завқ бахшида, дар қалб ва хотирҳо нақши равшан мегузоранд. Ин гуна ширинкорон зиёд ва чунин ба назар мерасад, онҳо якдигарро такрор намекунанд, мухлисони худро доранд. Вале фикр мекунем, миёни онҳо артисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Ҳоҷибой Тоҷибоев мақоми ба худ хос ва байни дӯстдорони ханда зиёдтар маҳбубият дошт.
Дар куҷое чашмам ба чунин навиштаҷот афтод: «Ӯзбек кулги қиролини хотирлаб». Ва дар зер – суратҳои марҳум Ҳ. Тоҷибоев.
Зимнан, ӯ дар зодгоҳаш Тоҷикистон низ ҳаводорони сершумор дошт, баробари ӯзбекӣ ба тоҷикӣ низ эҷод ва базмороӣ мекард. Баъзан суханони оддӣ ва воқеаҳои муқаррариро ҳам ончунон бо ҳарири лутф ва мутоиба зарифона мепечонд ва баён месохт, ки шунаванда аз ханда худдорӣ карда наметавонист.
«Қадри зар заргар бидонад, қадри гавҳар – гавҳарӣ», ба қадри ҳунари волои санъатвари номӣ бештар онҳое мерасиданд, ки аз заҳмат ва душвориҳои эҷод бохабаранд, чӣ будани ҳунар ва истеъдоди воқеиро қалбан ҳис, санъат ва санъатварии ҳақиқиро эътироф менамоянд.
Аммо Ҳ. Тоҷибоев чун инсоне, ки ҳамеша аз паи рондани андӯҳ, овардани хушӣ ва обод сохтани дилҳо саъй менамуд ва аз вай ба касҳо зарар не, фақат нафъ мерасид, ҳама, аз ҷумла ҳампешагоне, ки атрофаш буданд, ба ӯ майл мекарданд, аз меҳр ва самимият, даст ва дили кушодаш баҳраманд мешуданд.
– Яке аз наздиктарин щахсҳои ман дар Тошканд Ҳоҷиакам буданд, – мегӯяд актёр Боир Холмирзоев. – Мо баробари ҳамшаҳр будан ҳамеша ҳамнишин ва ҳамсуҳбати дилнишин будем.
Ҳ. Тоҷибоев 25 августи соли 1955 дар ноҳияи Нови Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Номи аслиаш Ҳоҷимурод буда, чун «Ҳоҷибой» машҳур ва ба даҳонҳо афтод. Соли 1978 Институти театр ва санъати рассомии Тошканд ба номи Островскийро дар самти актёри театри драма ва кино ба итмом расонд. Ба филармонияи давлатии Андиҷон роҳхат доданд. Муддате дар ин боргоҳи ҳунар, баъдан дар театри Нов фаъолият намуд. Асное ба театри драмавӣ-мусиқии Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ ба кор гузашт, истеъдоди актёрӣ ва сухандониаш гул-гул шукуфт.
Соли 1990 дар Тошканд озмун-азназаргузаронии «Ханда –1990» баргузор ва дар он Ҳ. Тоҷибоев ширкат ҷуста, ба гирифтани ҷои аввал сазовор гардид. Ба театри вилояти Фарғона алоқа барқарор ва дар шаҳре, ки ширинкорони зиёд ба олами санъатро ҳадя намудааст, истеъдодашро такмил дод. Баъдан тақдир ӯро ба Тошканд пайваст ва то охири умр (2008) дар пойтахт зиндагӣ ва эҷод кард.
Дар шакли театри якка баромадҳое, ки Ҳ. Тоҷибоев ба ҳукми тамошобинон ҳавола месохт, қалби хурду калонро тасхир менамуд. Барномаҳои ӯ «97 навъи ханда», «Аз наваш ҳаст» ва ғайра басо ҷолиби диққат буданд.
Ҳоҷибой Тоҷибоев сенарияи баромадҳояшро худаш менавишт. Ҳампешааш М. Холметов мегӯяд, мо чаҳор-панҷ ширинкор якҷоя барнома омода созем, Ҳоҷибой ба тарзи якка чаҳор-панҷ рӯз баромад менамуд ё худ «консерт» намоиш мекард.
Баромадҳои чандрӯзааш дар кохи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт якчанд рӯз давом мекард. Бештар ба моҳҳои декабр-январ мувофиқ меомаданд баромадҳо. Мепурсиданд: «Чаро доим чиллаи зимистон консерт медиҳед?» Мегуфт: «Дар фасли баҳор навбат намерасад». Албатта, як навъ бо ҳазл мегуфт ӯ ин суханонро.
Дар асл низ кохи консертро дар рӯзҳои баҳор банд кардан осон нест.
Вале Ҳоҷибой дар он рӯзҳои сармо бо хуштабъию назокат, зарофати беғубор ба ҳастии ҳаводорони сершумори ҳазлу базла ҳарорат ворид месохт, ба онҳо кайфияти баҳорона эҳдо менамуд.
Ҳ. Тоҷибоев ҳанӯз аз бачагӣ ба санъати Б. Ихтиёров, Ҳ. Шарифов, Э. Каримов барин устодони саҳна ошуфта ва дар пайроҳаи эҷод қадам задан, мисли онҳо ба дили халқ роҳ ёфтанро орзу менамуд.
Орзуҳо ҷомаи амал пӯшиданд. Бо чеҳраҳои намоёни ҳунар дар як саф эҷод кард, ба дилу дидаҳо роҳ ёфт. Ва дар санъати ширинкорӣ мактаби ба худ хос офарид.
Афсӯс, Тоҷибоев дар авҷи камолоти эҷодӣ аз олам рафт.
Ногаҳ паҳншавии хабари машъум ба паҳншавии ҳар гуна овозҳо низ сабаб гашт.
Вале қарибонаш гувоҳӣ медиҳанд, овозаҳо беасосанд...
Онҳо мегӯянд, санъаткор бинобар беморӣ, ки шаш моҳ давом кард, вафот намуд. Декабри соли 2007 баъди баромади чандрӯза худро бад ҳис кард. Аз паи муолиҷа шуд. Тобистони соли 2008 аҳволаш вазнин ва 24 июл дар шифохона чашм аз олам пӯшид.
Мегӯянд, Ҳ. Тоҷибоев дар лаҳзаҳои вазнини ҳаёт ҳам иродатманд буд, ҳаёти худро бе санъат тасаввур намекард, дар кӯча одамон, дар оила аҳли хонадонро механдонд, оилапарвар ва падари маҳрубони се фарзанд буд.
Духтари миёнааш Интизор роҳи падарро интихоб ва Институти давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистонро хатм намуд.
Духтари калонӣ Меҳрангез дар соҳаи тиббиёт, хурдиаш Мадина дар соҳаи сайёҳӣ хидмат мекунанд.
М. ШОДИЕВ.