Дарё ду соҳил ва заминҳои сари роҳашро сероб, сабзу хуррам ва обод гардонда оҳиста-оҳиста ҷорӣ мешавад.
Корҳои илмии баъзе устодони муътабарро низ ба чунин дарёи ором монанд мекунам, чунки онҳо низ хомӯш умр гузаронда, инсонҳоро аз нури маърифат ва чашмаи илм баҳраманд мегардонанд.
Яке аз чунин симоҳои бузург адабиётшинос, матншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ғулом Каримов мебошад.
Ғулом Каримов соли 1909 дар оилаи ҳунарманд, дар Тошканд ба дунё омад. Ӯ хеле барвақт аз падар ятим монда, дар мактаби нави ҳамонвақтаи маҳалла таҳсил гирифт. Баъди хатми мактаби миёна дар техникуми таълиму тарбияи ба номи Наримонов таҳсилро идома дод, аз адабиётшиноси машҳур Олим Шарофиддинов сабақ омӯхт. Баъди хатми ин даргоҳ Ғ. Каримов чанд муддат дар мактабҳо дарс дод. Дар баробари ин, таърихи адабиёти ӯзбек, адабиёти ҷаҳон ва эҷодиёти даҳонакии халқро амиқ омӯхт. Соли 1931 иқтидор, ғайрат ва ташнаи илм будани Ғ. Каримовро ба назар гирифта, Комиссариати маорифи ҷумҳурӣ ӯро барои таҳсил ба факултаи филологияи таърих, фалсафа ва лингвистикаи Ленинград (Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) мефиристад. Ғ. Каримов дар ин даргоҳ ба шунидани маърӯзаи академикҳои машҳур Н. Нарр, А. Орлов, профессорон Е. Бертелс, В. Жирмонский, А. Смирнов ва дигарон мушарраф гардид. Ӯ дар он ҷо ба беморӣ дучор шуд ва ба Тошканд баргашт. Дертар факултаи забон ва адабиёти ӯзбеки Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Низомиро хатм кард. Баъд аз он ӯ ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шуд.
Дар рафти омодагирӣ ба ҷашни 500-солагии Алишери Навоӣ Ғ. Каримов фаъол иштирок мекунад. Дар матбуоти даврӣ доир ба ашъори шоир якчанд мақолаи илмии ӯ ба чоп мерасанд.
Баъди заҳматҳои бисёрсола соли 1945 аз рӯйи достони «Лайлӣ ва Маҷнун» диссертатсияи номзадӣ, соли 1962 бошад, таҳти мавзӯи «Муқимӣ — шоири демократи ӯзбек ва муҳити адабии ӯ» докториашро ҳимоя кард. Ҳамон солҳо маърифатпарварони соҳа Каримовро чун кашфкунандаи роҳи нави ба худ хоси адабиётшиносӣ эътироф карда буданд.
Бо роҳнамоии устод даҳҳо шогирдони ӯ ба гирифтани унвони номзади илм муяссар шудаанд.
Мавзӯи кори илмии ӯ омӯхтани мероси адабии Алишери Навоӣ буд. Достонҳои «Хамса»-ро дақиқ омӯхта, тадқиқотҳои илмии худро аз қабили «Дар хусуси достони «Садди Искандарӣ»-и Навоӣ», «Доир ба масъалаҳои назарияи иҷтимоии Навоӣ», «Дар хусуси достони «Сабъаи сайёр» навишт. Бо супориши комиссия бори аввал «Хазоин-ул-маонӣ»-ро ба нашр омода сохт, дертар матни интиқодии «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро омода кард. Ин оид ба пухта омӯхтан ва ба оммаи халқ расондани асарҳои Навоӣ ҷасорат буд. Навоишиносони солҳои баъдина идомадиҳандагони ин ҷасорат шуданд. Зеро устод ҳамон солҳо асарҳои Навоӣ, аз ҷумла, ғоя ва образи достонҳои «Хамса»-ро чуқур таҳлил карда буд.
Дар оғози солҳои 50-уми асри гузашта Ғ. Каримов, ки дар матн ва манбаъшиносӣ соҳиби таҷрибаи зиёд шуда буд, ба кашф кардани саҳифаҳои нави таърихи адабиёт камар баста, ба ҳаматарафа омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти шоири ӯзбек Муқимӣ оғоз намуд. Бо ин ният дар водии Фарғона сафарҳои илмиро анҷом дод, садҳо дастхатҳои таърихӣ, илмиву маърифатиро аз назар гузаронд. Дар натиҷа даҳҳо эҷодкор ва асарҳои ба аҳли илму адаб номаълуми онҳоро кашф намуд. Ҳатто дар бораи рисолаҳои илмии аҳамияти этнографидоштаи Фурқат маълумот дод.
Профессор Ғ. Каримов яке аз саромадони серғайрати маориф ва таълими олии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Ӯ аз давраи роҳбарӣ дар Донишгоҳи педагогии илмӣ-тадқиқотӣ то охири умри худ бо навиштани китобҳои дарсӣ, омода сохтани маҷмӯа, офаридани барномаҳо барои мактабҳои миёна ва муассисаҳои таълими олӣ, инчунин тайёр намудани ходимони илмии соҳа сарукор дошт. Доир ба адабиёт, робитаҳои адабӣ, эҷодиёти шифоҳии халқ мақолаҳо таълиф намуд.
Дар фаъолияти илмиву услубии педагоги соҳибқалам китоби дарсии «Таърихи адабиёти ӯзбек» барои донишҷӯёни мактабҳои таълими олӣ мавқеи алоҳида дорад. Зеро ин асар аз бисёр ҷиҳат аз дигар китобҳои соҳа тамоман фарқ мекунад.
Муаллиф ҳангоми таълиф намудани китоби дарсӣ ба ҳаёти маданию адабӣ ва иҷтимоию иқтисодии охири асри XVI ва XIX, фаъолияти ин ё он санъаткор, таҳлили асарҳои илмӣ, намунаҳои адабии ба дастовардаи худ такя кардааст. Аз ин рӯ, «Таърихи адабиёти ӯзбек» аз ҷиҳати бо маълумотҳои нав ғанӣ будан, баъди таҳлилу натиҷагириҳо дастури намунавӣ ва басе муҳим ҳисобида шуд.
Донишманди бузурги таърих ва методикаи адабиёт Ғ. Каримов соли 1991 дунёи фониро падруд гуфт. Шогирдону мухлисони устод асарҳои ӯро хонда, руҳашро шод мегардонанд.
Ҳукуматамон заҳматҳои Ғ. Каримовро оид ба рушди илму фан ба назар гирифта, ӯро бо унвони Арбоби хидматнишондодаи Ӯзбекистон, ифтихорномаҳо ва медалҳо сарфароз гардондааст.
Ҳ. ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор.