ДАР ҲАР СОҲА ВА ҲУДУД МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ИНТИЗОМИ ИҶРО, БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТИ РОҲБАРОН – ВАЗИФАИ АЗ ҲАМА МУҲИМ

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 май ҷамъомади селекторӣ бахшида ба воридоту содирот, таъмин намудани даромади иловагӣ ба буҷаи маҳаллӣ, парвариши ғӯза дар хоҷагии қишлоқ, ғалладаравӣ, истифодаи оқилона аз об ва кишти такрорӣ барин тадбирҳои муҳимро босамар анҷом додан ва дигар масъалаҳои вобаста ба он, ки имрӯз хеле муҳим мебошанд, баргузор гардид.

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 май ҷамъомади селекторӣ бахшида ба воридоту содирот, таъмин намудани даромади иловагӣ ба буҷаи маҳаллӣ, парвариши ғӯза дар хоҷагии қишлоқ, ғалладаравӣ, истифодаи оқилона аз об ва кишти такрорӣ барин тадбирҳои муҳимро босамар анҷом додан ва дигар масъалаҳои вобаста ба он, ки имрӯз хеле муҳим мебошанд, баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарони палатаҳои Олий Маҷлис, Сарвазир ва муовинони ӯ, мутасаддиёни вазорат ва идораҳои дахлдор, аз тариқи видеоселектор раиси Жокори Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд иштирок намуданд.
Имрӯз дар барқарор рушд ёфтани иқтисодиёт, таъмини бехатарии озуқаворӣ, баланд бардоштани салоҳияти содиротии мамлакат ҷойгоҳи хоҷагии қишлоқ ва аҳамияти он торафт зиёд мегардад. Дар соҳаи мазкур беш аз 3,6 миллион нафар меҳнат мекунанд, саҳми соҳа дар маҳсулоти нохолиси дохилӣ муттасил зиёд мегардад.
Аз ин рӯ дар солҳои 2017-2021 аз рӯи панҷ самти устувори тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Стратегияи ҳаракат такомули хоҷагии қишлоқ ва бо ҷадал ривоҷ додани он аз вазифаҳои муҳим муқаррар гардида, дар ин бобат ба амал татбиқ намудани чорабиниҳои дақиқ дар назар дошта шудааст. Бидуни ягон шубҳа ҳамаи ин дар ривоҷ додани зиндагии фаровони халқ, ба деҳот бо ҷадал дохил гардидани саноат ва барои ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор аз имконоти соҳаи аграрӣ босамар истифода намудан имконияти васеъ ба вуҷуд меорад.
Дар зарфи ним соли гузашта дар бобати рағбатноксозии содирот ва барои он ба вуҷуд овардани муҳити муносиб ва имтиёзот дар доираи иҷрои фармон ва қарорҳои қабулгардида навгониҳои ҷоришаванда, дар бобати андешидани чораҳои амалӣ дар ҷиҳати пурра сафарбар намудани салоҳияти содирот, ки дар соҳаҳо ва ҳудудҳо вуҷуд доранд, ки дар натиҷаи он ҳаҷми содирот меафзояд. Аз ҷумла то 25 майи соли ҷорӣ ба миқдори 4 миллиарду 576 миллион доллар содирот ба амал оварда шуд. То охири моҳи ҷорӣ нишондодҳои пешгӯишудаи муқарраргардида ба иҷро хоҳанд расид. Дар муқоиса бо панҷ моҳи соли 2017, ҳаҷми содирот қариб ба 21 фоиз афзуданаш мумкин аст.
Аз он ҷумла дар нимсолаи якум ба миқдори 5 миллиарду 886 миллион доллар содирот ба амал оварда шуда, ба 100,9 фоиз иҷро гардидани нишондодҳои пешгӯишуда ва нисбат ба нимсолаи якуми соли 2017 25 фоиз афзудани он мунҷар гаштааст.
Роҳбари давлат эътибори иштирокдорони маҷлисро ба чунин натиҷаҳои мусбӣ нигаронда, дар айни ҳол ба аз имконият ва салоҳияти мавҷуд паст будани онҳо ишора намуд. Роҳбарони баъзе соҳа ва ҳудудҳо масъулияти худро ба дараҷаи бояду шояд эҳсос намекунанд, ки дар натиҷа ин сабабгори пурра сафарбар нагардидани захираи афзудани ҳаҷми содирот гардиданаш зикр шуд.
Ҷамъомад аз рӯйи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои маҷмӯаҳои Девони Вазиронро ба тарзи танқидӣ таҳлил намуда, дар ин бобат вазифаҳои аз ҳама муҳими баамалтатбиқгарданда муқаррар гардид. Ташкилот ва корхонаҳое, ки аз рӯйи содироти маҳсулот ва хизматрасониро ба хориҷа дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ бино бар реҷаҳои муқарраргардида иҷро накардаанд, аз лиҳози танқидӣ таҳлил намудани фаъолияти ҳудудҳо, дақиқ кардани сабаб ва оқибатҳои ақибмонӣ, зуд бартараф намудани онҳо ба роҳбарони мутасаддӣ супориш ва нишондодҳои дахлдор дода шуд.
Дар маҷлиси селекторӣ дар вазъи ғайриқаноатбахш будани корҳои оптимизатсияи содиротии мамлакат қайд гардид. Дар байни чор моҳи соли ҷорӣ дар саросари мамлакат воридоти амвол 4 миллиарду 858 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба 1 миллиарду 111 миллион доллар ё ба 30 фоиз зиёд гаштааст. Зикр гардид, ки ба ин асосан омилҳои  омӯзиши таркиби воридот ва дар дараҷаи қаноатбахш ташкил нагардидани корҳои оптимизатсияи воридот, дар моҳҳои январ-апрел ба ҷойи харид намудани молҳое, ки дар мамлакатамон аз ҷониби корхонаҳои марбути таркиби маҷмӯӣ истеҳсол гаштаанд, аз хориҷ овардани чунин намудҳои мол ба маблағи 89 миллион доллар, сабаб гардидаанд.
Барои сари вақт бартараф намудани чунин камбудиҳо ва гирифтани пеши онҳо ба шахсони масъул нишондод ва супоришҳои дақиқ дода шуд.
Дар ҷамъомад махсус таъкид ёфт, ки имсол дар мамлакатамон бориш нисбатан кам гардида, оқибат дар аксарияти ҳудудҳо танқисии об ба вуҷуд омада, чунин ҳолат аз об оқилона истифода намуданро тақозо менамояд.
Бо ин мақсад майдони кишти шолӣ аз 162 ҳазор гектар то ба 94 ҳазор гектар кам карда шуда, 7,5 ҳазор гектар замини вилояти Сирдарё, ки таъминоти муаммои об вуҷуд надорад, ба фермерони вилояти Хоразм, 5,5 ҳазор гектар замини вилояти Ҷиззахро ба фермерони Қароқалпоқистон барои кишти такрории шолӣ вогузор намудан қайд гардид.
Дар вилояти Қашқадарё, ки эҳтимоли танқисии об вуҷуд дорад, кишти такрории майдонҳо ба 30 ҳазор гектар, дар вилояти Самарқанд 42 ҳазор гектар, дар вилояти Бухоро 20 ҳазор гектар, дар вилояти Навоӣ 14 ҳазор гектар ва Қароқалпоқистон 10 ҳазор гектар кам намудан маълум карда шуд. Ба зарурати дар ин ҳудудҳо кишт намудани мош, лӯбиё ва дигар киштҳои озуқаворӣ, ки барои об эҳтиёҷи кам доранд, ишора гардид ва ҷойгир намудани онҳо дар майдонҳои замини наздики манбаъҳои об эътибор нигаронда шуд. Дар бобати сари вақт иҷро намудани ин корҳо, босамар ташкил намудани онҳо ба роҳбарони вазорат ва идораҳои дахлдор супоришҳои аниқ дода шуд.
Дар ҷамъомади видеоселектор дар бобати салқин ва хушк омадани баҳори имсол, ки барои парвариши пахта метавонад муаммоҳои ҷиддӣ ба вуҷуд орад, дар натиҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле дер мондани нумӯи ғӯза ва ин эътибори ҷиддӣ додан ба парвариши онро тақозо менамояд – дар ин заминаҳо ибрози фикр гардид. Хусусан дар чунин шароити вазнин аз култиваторҳо дар дараҷаи баланд босамар истифода намудан, заминро чуқур нарм кардан, ягонакунии майда, мубориза бар зидди зараркунандагони хоҷагии қишлоқ ва ба корҳои назорат бо масъулияти фавқулодда муносибат намуданро талаб намудан қайд гардид.
Инчунин ба роҳбарони вазорат, идора ва ҳудудҳои дахлдор дар бобати сари вақт баргузор намудани корҳои агротехникӣ ва барои босифат анҷом додани онҳо омодагии воситаҳои техникиро ташкил намудан ва ҳамзамон мунтазам бо сӯзишвории дизел таъмин намудани онҳо, имсол дар бобати парвариши пахта тамоман низоми нави таъмини молиявии онро ба вуҷуд овардан супоришҳо дода шуд.
Дар ҷамъомад аз 1 июн то 1 июл дар мамлакат эълон намудани «Моҳонаи зарбдори дар ғӯза ҳосили кафолатнок ба вуҷуд овардан» муқаррар карда шуд. Ба он чиз, ки ҳосили парваришгардида бо меҳнати зиёд ва харҷи калон парвариш гаштааст, бо мақсади пурра нигоҳ доштани ҳосил роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ ва коргарон ходимони хоҷагии қишлоқ ва мутасаддиёнро ба оброн ва механизаторон, бо олимони соҳаи аграрӣ ва агрономҳо депутатҳои тамоми зинаҳоро низ сафарбар намудан ва масъулияташонро зиёд намудан эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Боз як масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис ин буд, ки бе талаф ғун намудани ғаллаи парваришгардидаи соли ҷорӣ, корҳое, ки дар бобати дар муддати кӯтоҳ ғун намудани ҳосил ба амал оварда мешаванд, низ муҳокима гардиданд.
Дар мамлакат 3 ҳазору 106 комбайни ғалладаравии баландсифати мавҷуде, ки дар мавсими ғалладаравӣ иштирок менамоянд, барои бо сифат таъмин намудани онҳо ва барои тайёр намудани онҳо тамоми шароит ба вуҷуд оварда шуд. Ғайр аз ин 400 комбайни ғалладаравии нав ба маҳалҳо расонда мешавад. Онҳо корҳои ғалладаравиро нисбат ба солҳои дигар имкони як ҳафта пеш анҷом доданро медиҳанд. Барои ин дар маҳалҳо отрядҳои ҷамъоварии ғалла ташкил гардида, ба онҳо комбайн, техникаи ғаллакашонӣ, устохонаҳои таъмири сайёр ва агрегатҳои сӯзишворирез вобаста карда шуда, зарур будани тартиб додани ҷадвали корҳои ғалладаравӣ таъкид гардид.
Ба Девони Вазирон вазифаи дар рӯзҳои наздик вобаста ба ҷамъоварии ғаллаи соли ҷорӣ ворид намудани лоиҳаи қарор, ки тамоми масъалаҳои ташкилиро фаро гирифта бошад, супориш дода шуд.
Дар маҷлис аз лиҳози танқидӣ корҳои ба буҷаҳои ҳудудҳо ҷалб намудани даромадҳои иловагӣ баррасӣ гардид. Дар ин замина дар ҳамин давраи соли ҷорӣ иҷро нагардидани реҷаҳои муқарраргардида дар баъзе ҳудудҳо танқид гардид. Дар натиҷа дар ин ҳудудҳо қарзҳои андоз зиёд мегардад.
Зикр гардид, ки дар маҳалҳо ҳокимиятҳои маҳаллӣ, роҳбарони секторҳо ҳанӯз низ мақсади аниқ намудани манбаъҳои даромади иловагии буҷа ва ҷалб намудани онро дарк намекунанд. Дар ин замина ба амал наовардани омӯзиши аниқ намудани манбаъҳои даромади иловагӣ аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ, ба ҷойи азнав барқарор намудани фаъолияти шахсони ҳуқуқии бефаъолият онҳоро фақат санҷида, бо қатъ намудани фаъолияти онҳо маҳдуд гардидан чун аз сабабҳои асосӣ қайд гардид. Алоҳида таъкид ёфт, ки дар ҳар соҳа ва ҳудуд мустаҳкам намудани интизоми иҷро, афзудани самаранокии масъулият ва фаъолияти роҳбарон аз вазифаҳои хеле муҳим боқӣ мемонад.
Дар маҷлис баромадкунандагон дар асоси фикрҳои танқидии ибрознамудаи Президент дар бобати зуд бартараф намудани камбудӣ ва муаммоҳои мавҷудаи соҳа, сари вақт иҷро намудани супориш ва реҷаҳои муқарраргардида фикрҳои амалӣ пешниҳод намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: