ДАР ҲАЁ

Момоён ва падару модарони мо оиди адаб, шарм, ҳаё, иффат ва зебоӣ бисёр ҳарф мезаданд.

Онҳо роҳ намедоданд, ки ба китоб, маҷалла, киною филмҳои ба ахлоқи мо бегона руҷӯъ кунем. Ҳоло тавассути интернет фарзандони мо  ба ҳар гуна аксу матн ва филмҳои бемаънӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Барои назорати онҳо, пеш аз ҳама, мо, падару модарон бояд масъул бошем. 
Аз ҷумла, дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар боби ҳаё ва адаб чунин ҳикоёте оварда шудааст:    
Ҳаё хислати шариф ва сирати мақбул аст. Ҳаёро шохе аз дарахти имон гуфтаанд. Агар сифати шарм аз миён барафтад ва ҳеҷ касро аз ҳеҷ кас шарм набошад, низоми ҷаҳон халал пазирад ва масолеҳи халоиқ аз якдигар фурӯ резад. Аммо сифати ҳаё намегузорад, ки ҳар кас ҳар чӣ хоҳад бикунад:
Гар ҳаё набвад барафтад расми исмат аз миён,
В-ар ҳиҷобе бар миён аст, аз тақозои ҳаёст.

Қисми дигар ҳаёи карам аст, ки карим шарм дорад, ки хоҳандае аз даргоҳи ӯ хиҷил бозгардад:
Муҳол аст агар сар бар ин дар ниҳӣ,
Ки боз оядат дасти ҳоҷат тиҳӣ.

Дар аҳди Маъмун аъробие буд, ки дар шӯразор ҳаёт ба сар бурда, ҷуз оби шӯру талх надида ва начашида:
Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,
Минқор дар оби шӯр дорад ҳама сол.

Вақте дар қабилаи аъробӣ қаҳтӣ афтод ва барои дарёфти тӯша аз ватан берун омад. Чун аз шӯристон гузашт, ба мавзее расид, ки хоки он ҷо барои зироат мусоид буд. Дар он ҷо ғореро дид, ки аз оби борон пур шуда буд ва болои он бо гиёҳу хасу хошок пӯшида буд. Ин об ба назари ӯ ниҳоят софу беғубор намуд. Аъробӣ пеш омад ва аз он об қадре нӯшид ва таъмаш басе ширину гуворо намуд ва боварӣ ҳосил кард, ки ин оби биҳишт аст ва азм кард, ки қадре аз он об гирифта ба халифаи Бағдод барад, то халифа ба ӯ ва аҳли байташ эҳсоне фармояд.
Аъробӣ машке, ки ҳамроҳ дошт, аз об пур кард ва роҳи Бағдодро пеш гирифт. Ба Бағдод масофае монда буд, ки худи халифа Маъмун пеш омад. Маъмун ба аъробӣ мутаваҷҷеҳ шуда пурсид, ки эй аъробӣ, аз куҷо меоӣ? Гуфт: – Аз фалон бодия, ки аҳли он ба ғуссаи қаҳту балое дармондаанд.
Гуфт: – Ба куҷо меравӣ? Гуфт: – Ба даргоҳи ту омадам, барои ту ҳадяе дорам, ки ҳеҷ махлуқе ҷилваи ҷамоли ӯ надида.
Халифа мутааҷҷиб шуд ва гуфт: – Биёр, то чӣ овардаӣ.
Аъробӣ машк пеш овард ва гуфт: – Ин оби биҳишт аст, ки дар олам касе надида ва начашида.
Маъмун рикобдорро фармуд, то қадаҳе аз он об ба зудӣ оварад ва обе дид, ки чиркину лойолуд ва бӯйнок. Халифа қадре аз он бичашид ва ба фаросат дарёфт, ки сурати воқеа дар чист.
Гуфт: – Эй аъробӣ, рост гуфтӣ, ин аҷаб обе латифу шарбате ғариб аст.
Пас рикобдорро фармуд, ки обро дар ҷойи пок резанд. Халифа ба аъробӣ рӯ оварда гуфт, ки ҳоҷати ту чист ва чӣ муддао дорӣ?
Аъробӣ гуфт: – Эй халифа, мардумони ман аз фақириву бенавоӣ дар маърази талафанд. Умед дорам ба карами ту. Халифа фармуд, то ҳазор динор ҳозир карданд ва ба аъробӣ фармуд, ки зарҳо бигиру рӯй ба ватани худ неҳ. Аъробӣ зар гирифту зуд бозгашт.
Яке аз дарбориён пурсид, ки ҳикмат дар ин чӣ буд, ки аз ин об касеро начашонида  ва аъробиро аз ҳамин мавзеъ бозгардонидӣ. Маъмун фармуд, ки он обе буд бемаза ва бадбӯй, аммо ба нисбати обе, ки аъробӣ ба он парвариш ёфта буд, барои ӯ оби биҳишт менамуд. Агар ӯ боз пештар рафта аз оби ширину латифи Даҷла мечашид, аз кардаву овардаи хеш хиҷилзада мегашт. Ман ба ӯ андак карам кардам ва ӯро аз хиҷолат раҳоӣ додам.

ДАР АДАБ

Адаб муҳофизати нафс аст, аз қавли нописандида ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигоҳ доштан, обрӯи худу дигаронро нарехтан.
Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамеи аҳвол роҳи рост дошта бошӣ. Аз инсони боадаб некӯӣ мемонад, хусусан агар подшоҳи мамлакат дар ҷодаи адаб истиқомат кунад, мамлакат мунтазам гардад, аҳли олам ба тартибу интизом риоя кунад.
Бузургон гуфтаанд: Беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод одамро таҳсили адаб аст. Овардаанд, ки султони Миср бо подшоҳи Рум қудою анда шуда, хостанд риштаи дӯстиро мустаҳкам намоянд.
Рӯзе малики Миср ба подшоҳи Рум пайғом фиристода мегӯяд, ки фарзандон ояндаи моянд, баъд аз сари мо онҳо кори моро идома медиҳанд. Ман барои писари худ чандин захираҳо ва бар даҳ дастур обу замин муҳайё кардам. Аз он тараф ҳазрат баҳри писари худ чӣ гуна шароит муҳайё сохтааст?
Чун ин пайғом ба самъи подшоҳи Рум расид, табассум карду гуфт: – Мол ёри бевафо ва маҳбуби нопойдор аст. Аз ӯ ҳисобе набояд гуфт ва ба матлаи фанни он фирефта набояд шуд. Ман писари худро ба ҳимояи адаб биоростам ва хазинаҳои макорими ахлоқ барои ӯ захира ниҳодаам. Мол дар маърази фанову завол аст. Адаб эмин аз тағйиру интиқол.
Чун ин хабар ба мулки араб расид, гуфт: 
– Рост гӯяд.
Қитъа: 
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро ҳаст рӯзе завол.
Инон сӯи илму адаб тофтанд,
Ки номи накӯ аз адаб ёфтанд.

Таҳияи  Б. САОДАТ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: