Вазорати тандурустии Ҳиндустон дар бораи нахустин мавриди гирифторӣ ба бемории обилаи маймун дар ин кишвар хабар дод.
– Санҷиши лабораторӣ мавҷудияти вируси маймуни африқоии ғарбиро дар бемор тасдиқ кард, - омадааст дар гузориш. Муайян гардид, ки шахси мубталои обилаи маймун чанде пеш ба кишваре сафар кардааст, ки дар он чунин беморӣ паҳн шудааст. Вазъияти беморе, ки ба изолятори махсус бистарӣ шудааст, аз ҷиҳати клиникӣ мӯътадил аст, дар бадани ӯ ягон бемориҳои системавӣ ё патологӣ вуҷуд надорад.
Аз аввали соли 2024 то 9 август дар Африқо беш аз 17 500 ҳолати гирифтори бемории обилаи маймун ошкор гардида, 517 нафари онҳо фавтиданд. Ин беморӣ то ҳол дар Аврупо танҳо дар Шветсия ва дар Осиё дар Покистон, Филиппин ва Тайланд ба қайд гирифта шудааст.