Аз ҷониби сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Деҳлӣ якҷо бо Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳии Ӯзбекистон китоби «Сафар ба Ӯзбекистон – ватани Амир Темур» ба забони урду чоп гардид, ки дар бораи имкониятҳои ғановатманди мамлакати мо дар соҳаи саёҳати зиёратӣ ҳикоя мекунад.
Нашри китоби мазкур натиҷаи сафари ҳайат бо сарварии саримоми масҷиди ҷомеи шаҳри Деҳлӣ Сайид Аҳмад Бухорӣ дар доираи Анҷумани нахустини байналхалқӣ доир ба саёҳати зиёратӣ ба шумор меравад, ки моҳи феврали соли равон дар Бухоро баргузор шуд. Сарвари бюрои рӯзномаи машҳури урдузабони «Инқилоб» дар Деҳлӣ Мумтоз Аълам муаллифи ин китоб аст.
«Баъд аз сафар ба Ӯзбекистон ман силсилаи мақолаҳоямро дар бораи кишвари меҳмоннавози шумо чоп кардам. Ҳамзамон қарор додам, ки таассуроти худро аз саёҳат ба Ӯзбекистон дар шакли китоб нашр кунам. Умедворам, ки он барои хонандагон ва сайёҳони ҳиндустонӣ, ба хусус бинобар саёҳати зиёратӣ манбаи муфид мегардад», мегӯяд муаллиф.
Мумтоз Аълам дар асари худ доир ба шаҳрҳои таърихии Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хива ва Тирмиз ҳикоя мекунад. Ӯ як боби махсуси китобашро ба муқаддасоти исломии Ӯзбекистон бахшидааст. Аз ҷумла, муаллиф хонандагонашро бо маҷмӯи Ҳазрати Имом шинос мекунад, ки дар он ҷо яке аз муқаддасоти бебаҳои ислом – Қуръони Усмон маҳфуз мебошад, ӯ ҳамчунин дар бораи марказҳои ёдгории Баҳоуддини Нақшбанд дар Бухоро ва Имом Бухорӣ дар Самарқанд нақл кардааст.
Зикр мешавад, ки Имом Бухорӣ – муаллифи ҳадисҳои саҳеҳ дар олами ислом сазовори эҳтироми бузург мебошад.
Дар навбати худ Баҳоуддини Нақшбанд асосгузори тариқати тасаввуфии Нақшбандия маҳсуб меёбад, ки дар Осиёи Ҷанубӣ хеле машҳур аст.
Муаллиф саҳми беназири Имом Бухорӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Имом Тирмизӣ ва дигар олимону мутафаккирони Ӯзбекистонро дар рушди тамаддуни ҷаҳон таъкид менамояд.
ОИ «Дунё»,
шаҳри Деҳлӣ.