Дар Ҳиндустон қатора аз релс баромад

Бар асари аз релс баромадани 18 вагони қатораи мусофирбар дар иёлати Ҷаркханд, дар шарқи Ҳинд дасти кам ду нафар ҳалок ва 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар ин бора рӯзномаи Hindustan Times хабар додааст.

Тибқи иттилои ӯ, қатора субҳи барвақт ба садама дучор шудааст. Тибқи гузоришҳои аввалия, қатораи экспресси мусофирбарии Ҳаора-Мумбай, ки қаблан қисман аз релс баромада буд, ба қатори боркаш, ки ҳанӯз дар роҳ буд, бархӯрдааст.

Ба мусофирони осебдида ёрии тиббӣ расонида шуд. Мақомот ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Дар як моҳи охир дар Ҳиндустон чанд ҳодисаи шабеҳи роҳи оҳан ба қайд гирифта шудааст. 18 июл бар асари аз релс баромадани чанд вагони қатораи мусофирбар дар иёлати Уттар Прадеш дасти кам чаҳор нафар ҳалок ва ҳудуди 20 нафар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад tass.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: