Солҳои охир дар мамлакати мо барои бо шуғл таъмин кардани аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои навӣ корӣ, бо манбаи даромади хуб таъмин сохтани мардум корҳои бузурге иҷро шуданд.
Ибтидо аз соли 2020-ум дар Ӯзбекистон ба масъалаи кам кардани нодорӣ эътибори махсус дода мешавад. Дар мамлакат мавҷудияти табақаи нодоронро эътироф кардан дар сиёсати соҳа гардиши аввалин буд.
Пештар мо ҳуҷҷати доир ба фаъолияти созмонҳои байналхалқии вобаста ба кам кардани нодорӣ (Poverty Reduction Strategy Paper)-ро бо каме тағйирот нишон медодем. Яъне аз мафҳуми нодорӣ чашм пӯшида мешуд.
Се сол муқаддам эътибор ба ин масъала тағйир ёфт. Рӯйи рост эътироф гардид, ки дар мамлакат шумораи аҳолии нодор 12-15 фоизро ташкил медиҳад. Пӯшида нест, ки масъалаи кам кардани нодорӣ ба пешрафти иқтисодиёт вобаста мебошад. Аммо ҳам аз назария ва ҳам аз амалия маълум аст, ки танҳо бо пешрафти иқтисодӣ наметавон нодориро бартараф кард. Барои ин саъю ҳаракатҳои ҷиддӣ дар дараҷаи сиёсати давлат, чораву тадбирҳои зарурӣ лозиманд. Пеш аз ҳама бояд ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шаванд, барномаҳоии иҷтимоӣ қабул гардида, ба амал татбиқ сохтани онҳо ба роҳ монда шавад.
Бинобар ҳамин ҳам дар доираи ислоҳоти маъмурӣ ба соҳаҳои мазкур вазорати масъул созмон дода, тамоми асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ фароҳам оварда шуданд. Ҳамчунин бори аввал дар мамлакат арзиши хароҷоти истеъмоли камтарин ҷорӣ гардид.
Барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ба соҳибкории оилавӣ 15 триллион сӯм вом ва субсидияҳои имтиёзнок, барои кишоварзӣ 200 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуданд. Дар ҳамин давр тақрибан 300 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ташкил гардида, фаъолияти 20 ҳазор корхона васеъ карда шуд.
Дар мамлакат масъалаҳои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, зиёд кардани даромади аҳолӣ ва ба ин тариқ дар охири соли 2026-ум камаш ду баробар кам кардани нодорӣ ба барномаи давлатӣ дохил гардид. Ҷамъомади Президент вобаста ба масъалаи баррасии кам кардани нодорӣ ва бо шуғл фарогирӣ низ далели тезонидани корҳои ин соҳа мебошад. Зеро дар он як қатор ташаббус ва ғояҳои нав пеш гузошта шуданд.
Минбаъд давлат ба соҳибкорони салоҳиятнок баробари ҷудо кардани маблағҳои зарурӣ бобати инфрасохтор, вом, андоз ва масъалаҳои дигар низ сабукиҳо пешниҳод менамояд ва ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҳавасманд мекунад.
Дар асоси таҷрибаи Чин дар ҳар як вилоят барои аз нодорӣ раҳо кардани як ноҳия барномаи махсус татбиқ хоҳад шуд. Дар ҷараёни мазкур дар ноҳияҳое, ки нодорӣ бештар аст, ба беҳсозии роҳи нақлиёт, электр, алоқа ва инфрасохтори сайёҳӣ, инкишоф додани шаҳрҳои хурду миёна, маҳалликунонии саноат эътибори алоҳида дода мешавад. Дар натиҷаи ин саъю ҳаракатҳо бисёр шаҳрвандони мо соҳиби ҷойи кори аниқ ва даромад мегарданд.
Эътимоди комил дорем, ки пешниҳодҳои дар ҷамъомад изҳоршуда барои кам кардани нодорӣ ва зиёд намудани шуғли аҳолӣ омили муҳим мегарданд, дараҷаи ҳаёти одамон, ҳамчунин шароити зисти онҳо беҳтар мешавад.
Анвархон ТЕМИРОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.