ДАР ЯК НУҚТАИ ИБТИДОӢ ҲАСТЕМ

Дар марҳалаи имрӯзаи ҳамгароии мамлакатҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди хеле ҷоннок гардидани он, ҳанӯз фақат қадамҳои аввал гузошта мешаванд.

Азбаски чунин аст, ҳоло боистӣ дигар тамоми маҳак ва имконоти барои имрӯз имконпазир ба кор гирифта шавад.
Аз ҷумла ҳамоиши нахустини машваратии роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ соли гузашта дар пойтахти Қазоқистон аз ин гуна иқдомот буд, ки бидуни таъхир ҳадди ақалл муҳимтарин масъалаҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шаванд. Азбаски он «аввалин» унвон карда шуд, аз вай натиҷагирии ҷиддӣ ва амалӣ интизор шудан низ нодуруст мебуд. Аз ин рӯ, дар Тошканд рӯзҳои наздик Мулоқоти дуюми машваратии онҳо баргузор мегардад ва он умед мебахшад, ки натиҷаҳое ба бор оварад.
Қонуни табиие далолат менамояд, ки дар ҳамсоягӣ ҳамеша бо ҳам забон ёфтан ва роҳи дурусти муносибатро ба кор гирифтан, ба қавли сиёсатмадоре, санъат аст. Ва ин «санъат» дар аксар ҳолатҳо, вақте ки сухан дар бораи ҷанбаҳои муҳимтарини ҳаёти инсон ва умуман ҷамъият меравад, ба кор андохта шавад, уқдаву гиреҳҳои ноаёну аёни чи муносибати воҳидҳои байналхалқӣ ва чи ҷамъияти як мамлакат равону нарм ва ба соддагӣ кушода мешаванд. Имрӯз агар аз даричаи рӯзгори бофараҳу осуда ва мусолимат ба гузаштаи наздикамон назар андозем, ин нигоҳи мо аз рӯзгори боамну осудаи ду-дуним сол онсӯтар убур намекунад ва баробари маълум гардидани зиндагии махуф ва нигаронкунандаи он замон вуҷудамонро изтироб ва таассуф пахш менамояд. Ҳамаи ин эҳсосоти ошуфтакунанда маҳсули талхи як муддати кӯтоҳак набуда, он солҳои зиёд ташаккул ёфт ва вуҷуди ҳама – чи азиятдида ва чӣ азиятдодаро фаро гирифт. Табиист, ки аз низоми ҷории он давр тоифаи аввал ҳамеша зери фишори рӯҳиву равонӣ қарор дошт. Ҳоло маҳз ҳамин қишри ҷамъият бештар аз ҳама тафовути имрӯзу дирӯзро дар ҷону равонаш эҳсос менамояд.
Бо вуҷуди тағир ёфтани мақомоти роҳбарӣ дар Ӯзбекистон, ба ин суръати фавқулодда тез дар дохилу берун ба гунаи инқилобӣ дигаргун гардидани сиёсат, ҳатто хушбинтарин шахсон бовар надоштанд. Аммо, боиси ҳайрати ҳама ин аст, ки чунин таҳаввулот ва ислоҳот ончунон бо фарогирӣ ва суръати баланд ҷараён пайдо кард, ки худи воқеияти ҳаёт ва афкори ҷамъият ба он расидагӣ карда натавонист.
Азбаски гирдиҳамоӣ мақоми минтақавиро дорад, хоҳу нохоҳ масоили байниҳамдигарии ҷумҳуриҳо дар меҳвари мулоқотҳо қарор хоҳанд гирифт. Аздусар дар суҳбат бо ҳамсоягон сояи тира ва ё равшани вазъи фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии ақаллиятҳои миллӣ аз пеши назар дур намегардад. Ва маҳз ба ҳамин далел ҳоло мамлакатҳои мадди назар ин гуна масъалаҳоро дар сиёсати дохилии худ ба дараҷаи баланд бардошта, ба онҳо эътибори зиёд қоиланд. 
Дар шароити имрӯзаи тақсимоти сиёсиву марзӣ, ки намояндагони миллиятҳои мухталифи минтақаро новобаста аз мансубияти этникиашон сарнавишт дар кишварҳои гуногун гузоштааст, бархурдории онҳо аз ҳуқуқи маънавиву маданӣ ва таълимиву иҷтимоӣ хеле муҳим аст. 
Ба ин далел ҷо-ҷо дар ҷумҳурии мо низ ба вуҷуд омадани биноҳои марказҳои маданӣ муштаракан бо тоҷику қирғизу қазоқу туркман ва ӯзбек, падид омадани гурӯҳҳо ба ин забонҳо дар кӯдакистону мактабҳои таълими ҳамагонӣ, донишгоҳҳо аз қадамҳои нахустин дар он росто барои қонеъ сохтани ниёзҳои ғайримоддии мардумони бумӣ чун фоли нек бояд пазируфта шавад. Чун аз бисёр ҷиҳат – фазову муҳит ва шароити солҳои пешинаи навмедкунанда имрӯз низ дар ҳаёти мадании ақаллиятҳо ҳанӯз соя меафканад, ҷанбаи равонии аз ин ниҳонхонаи гӯё бумбаст раҳоӣ ёфтан хеле муҳим аст. Гирудорҳои рӯзгори пуртаҳаввулотамон ҳоло барои ҳамаи ин заминаи мусоид фароҳам меорад. Лекин баъзан чунин ба назар мерасад, ки бо нирӯи фитрӣ ва эҷодиву илмиву интеллектуалии мавҷуда ҳанӯз барои ҳал намудани вазифаҳои имрӯзу оянда қодир нестем. 
Таҷриба нишон медиҳад, ки ин мушкилот на фақат дар сарнавишти ақаллиятҳои миллӣ, аз он ҷумла тоҷикон, балки дар саросари мамлакат ба чунин вазъият мувоҷеҳ ҳастем. Ва ба ин далел, ҳоло масъалаи кадррасонӣ – на аз лиҳози миқдор, ки кофиву басандааст, балки аз лиҳози сифату малака ва донишу истеъдоди касбӣ мадди назар бояд қарор дошта бошад.
Аз таҳлилу таҷриба ва дарки вазъи воқеии аҳвол маълум аст, ки «хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад». Дар натиҷаи барҳам задани сохти собит ва устувори кадррасонии нимаи дуюми асри гузашта қариб дар тамоми қаламрави ҳозираи шуравии пошхӯрда вазъ яксон аст. Аз ин боис, дар ин масъала низ дарди ҳамаи мо якзайл аст, яъне ҳама дар як нуқтаи ибтидоӣ қарор дорад.
Дар тафовут аз радду бадали иқтисодӣ, ки байни ҳамсоягон дар як соли охир 35 фоиз афзудааст, дар маҳал ва ватани худ азхуд намудани арзишҳои ғайримоддӣ ва қонеъ сохтани эҳтиёҷоти маданӣ дар шароити имрӯзаи соҳибистиқлолии кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна бояд татбиқ гарданд – ин ҳама пурсишҳое, ки ҳамоиши роҳбарон дар аввали кор ҳадди ақалл роҳҳои онҳоро мушаххас намоянд. Маълум аст, ки дар ин ҷабҳаҳо кор ба дарозо мекашад ва аз ин рӯ касе интизор нест, ки корҳои даҳсолаҳо гиреҳхӯрда дар муддати кӯтоҳ боз шаванд. Аммо ба қавли роҳбари ҷумҳурии мо «мардум на фардо, балки имрӯз бояд хуб зиндагӣ кунад».

Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: